Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон барои дидор бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия вориди шаҳри Санкт-Петербург шуд. Ӯ дар ин сафар бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳам мулоқот хоҳад кард.
Ароқчӣ ҳангоми вуруд ба Санкт-Петербург, гуфт, ки “мо ҳамеша бо Русия машваратҳои наздик ва ройзаниҳои дуҷонибаи пайваста доштем, вале муддате дар мулоқотҳоямон ба далели ҷанг фосила афтод”.
Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, “ин фурсат фароҳам омад, ки бо дӯстони руси худ дар бораи таҳаввулоти марбут ба ҷанг дар ин давра ва вазъияти кунунӣ ройзанӣ ва вазъияти охиринро баррасӣ кунем. Табиист, ки ҳамоҳангии лозим низ бояд сурат гирад”.
Вазири корҳои хориҷии Эрон дар мавриди сафараш ба Покистон гуфт, ки “ин кишвар дар рӯзҳои ахир дар миёнҷигарии музокироти Эрон ва Амрико нақши муҳиммеро бар ӯҳда дорад ва лозим буд дар бораи таҳаввулоти охирин гуфтугӯ кунем.
Ба навиштаи расонаҳо, дар ин дидорҳо ҳамчунин, ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Русия ва масъалаҳои минтақаиву байналмиллалӣ баррасӣ мешаванд.

Вазири умури хориҷии Эрон рӯзи якшанбе, пас аз сафар ба Масқат ва мулоқот бо мақомоти Уммон, барои бори дуюм дар се рӯзи охир ба Исломобод рафт ва пеш аз парвоз ба Русия, дар як таваққуфи кӯтоҳ бо мақомдорони Покистон, аз ҷумла Осим Мунир, фармондеҳи кулли артиши ин кишвар, дидор кард. Тафсилот ва сабаби бозгашти ӯ аз Уммон ба Покистон ҳанӯз ошкор нашудааст. Вале хабаргузории “Форс” навишт, ки Ароқчӣ дар баргашт ба Исломобод тариқи Покистон паёмҳои хаттие ба Амрико ирсол кардааст, ки шомили “хатҳои сурх”-и Теҳрон, аз ҷумла, дар мавриди тангаи Ҳурмуз ва барномаи ҳастаияш будааст.
“Мо бо дӯстони худ дар Покистон машваратҳои хубе доштем, ки Алҳамдулиллоҳ, сафари бисёр муваффақе буд. Мо он чиро, ки рӯй додааст, баррасӣ кардем ва дар бораи ин ки дар чӣ масиру шароите музокирот метавонад идома ёбад, суҳбат кардем”, – гуфт Ароқчӣ дар шарҳи сафари ахари худ ба Покистон.
Ин дипломати аршади эронӣ пештар дар Масқат бо Ҳайсам бин Ториқ, султони Уммон ва Бадр Бусадӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар дидор кард. Ароқчӣ рӯзи якшанбе эълон кард, ки “гуфтушунидҳои муҳиме дар бораи масъалаҳои дуҷониба ва таҳаввулоти минтақаӣ” бо Уммон, ҳамсояи Эрон дар дарозии тангаи Ҳурмуз, дар ҷараён аст. Ӯ дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, “тамаркузи мо ба ёфтани роҳҳое равона шуд, ки убури бехатарро аз тангаи Ҳурмуз таъмин кунанд ва ба нафъи ҳамаи ҳамсоягони азизи мо ва ҷаҳон бошанд”.
Ароқчӣ қабл аз сафар ба Уммон дар Исломобод бо нахуствазири, фармондеҳи артиш ва вазири хориҷаи ин кишвар дидор карда буд. Ҳарчанд Эрон аз қабл изҳор дошта буд, ки дар ин сафар музокирае бо Амрико анҷом нахоҳад шуд, вале расонаҳо аз эҳтимоли баргузории гуфтугӯҳои сулҳ миёни Теҳрон ва Вашингтон гузориш дода буданд. Кохи Сафед ҳам эълон карда буд, ки рӯзи шанбе намояндаҳои худро барои музокироти сулҳ ба Покистон мефиристад, вале баъдан Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико хабар дод, ки сафари онҳо лағв шудааст.

Бояд гуфт, Уммон пеш аз оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон миённи Теҳрону Вашингтон миёнҷигарӣ мекард. Аммо сарфи назар аз ин баргузории чанд мулоқоти ҷонибҳо, Амрико якҷо бо Исроил ба Эрон ҳуҷум кард.
Пас аз чиҳил рӯзи ҷанг ва нокомӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои роҳбурдиаш, Амрико боз сари мизи музокирот бо Эрон нишаст ва ин бор дар Исломобод. Даври аввали музокироти Вашингтону Теҳрон дар Исломобод гузашт ва бо дархости Покистон оташбаси дуҳафтаӣ, ки 22-юми апрел поён ёфт, тамдид карда шуд.
Доналд Трамп эълон карда буд, ки бо дархости Покистон муддати ин оташбасро дароз кард, вале ба нерӯҳояш дастур дод, ки муҳосираи бандарҳои ҷанубии Эронро идома диҳанд. Чизе, ки мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ онро нақзи оташбас ва монеӣ аслӣ барои ҳузур дар даври дуюми музокирот гуфт.
Ин ҳама таниш ва моҷаро 28-уми феврал, бо ҳамлаи таҷовузкоронаи Амрикову Исроил ба хоки Эрон оғоз шуд. Амрикову Исроил аз ҳаво шаҳрҳои Эронро мушакборон карданд ва дар посух, Эрон Исроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар кишварҳои арабиро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор дод.




