Рӯзи 27-уми апрел охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) аз Ҳисор – Раҷаб Исмонов, ки 100 сол дошт, даргузашт. Ҳоло дар Тоҷикистон 10 собиқадори ҶБВ умр ба сар мебаранд.
Имрӯз аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон собиқадорони ҶБВ иқомат доранд ва теъдоди онҳо 6 нафар аст. Аз ҷумла, 5 нафари онҳо – Сафаралӣ Файзалиев, Машраб Давлатов, Гулмурод Тағоев, Мирзо Ғафуров ва Ҳабиб Сафаров дар ноҳияи Бохтар ва 1 нафар, Яҳё Мирзоев дар Кӯлоб зиндагӣ мекунад.
Дар вилояти Суғд танҳо 2 собиқадори ҷанг – Нозим Носиров ва Бибола Рӯзиматов дар қайди ҳаёт ҳастанд. Як нафари дигар – Бозор Нағзибеков сокини шаҳри Душанбе будааст.
Сафаралӣ Файзалиев бузургсолтарини онҳо буда, соли 1923 ба дунё омадааст ва 103-сола аст.
Бозор Нағзибеков, Мирзо Ғафуров, Машраб Давлатов ва Ҳабиб Сафаров бошад аз рӯйи синну сол ҷавонтарини онҳо буда, ҳама соли 1926 ба дунё омадаанд ва 100 сол доранд.
Дар харитаи интерактивии мо метавонед огаҳӣ ёбед, ки ҳар кадоме аз онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷангида, теъдоди ҳалокшудагон 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.



