Рашид Олимов, дабири кулли пешини Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) (2016-2018) ва ҳоло устоди Академияи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”-ро ба муносибати 30 солагиаш табрик кард.
Ӯ бо ирсоли паёми табрикӣ ба унвонии кормандони расонаи мо аз ҷумла зикр кардааст, ки “Азия-Плюс” ба як маъние ҳамсоли Тоҷикистони нав аст ва дар тӯли се даҳсола дар саҳифаҳои ҳафтанома ва дигар пойгоҳҳои расона солномаи кишвар бо озмоишу дастовард ва марҳилаҳои муҳими таъсисёбии давлати соҳибистиқлол дарҷ ёфтааст.
Рашид Олимов ба касбияти рӯзноманигорон ва пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба обу иқлими Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ба туфайли заҳмати кормандони расона ин ақидаи муҳим барои инсоният возеҳ ва муътамал садо дода, ба қисмате аз нуфузи байнулмилалии кишвар табдил ёфтанд.
Ӯ таъкид доштааст, ки дар ҷаҳони муосир воқеънигорӣ, дақиқӣ, таносуб ва мухотаби дурусти ҳарфи рӯзноманигорӣ, ки ба нигаҳдории ҳадафҳои ҷамъиятӣ ва таҳкими созишу ризоят кумак мекунанд, аҳаммияти хосса касб мекунанд.
Дар паёми табрикотӣ ҳамчунин зикр шудааст, ки рӯзноманигорони “Азия-Плюс” ҳамеша паҳлӯи мардуми Тоҷикистону қарор дошта, бо ғаму дард ва суру хурсандии одамон шарик буданд ва метавонистанд мушкили асосиро шунаванду то ба самъи ҷомеа расонанд. Матлабҳои гурӯҳи расонаҳо ба гуфтаи ӯ, бисёр вақт барои баҳсу муколама асос шуда, шахсро ба андеша водор месозанд ва ҷиҳати дарёфти қарорҳои дуруст кумак мекунанд.
Эътирофу таманниёти ҷудогона ба унвони ҳайати касбии кормандони ширкат, ки ҳамроҳ бо кишвар ба воя расиду рушд ёфт ва ҳунару беғаразӣ ва садоқатмандӣ ба касбро зоҳир намуд, равона шудааст.
Ӯ изҳор доштааст, ки “Азия-Плюс” ба эътимод ва ҳусни таваҷҷуҳи миллионҳо корбарону хонандагон даст ёфта, маъруфу шинохта ва садои мавриди эҳтиром дар минтақа шуд.
Дар фарҷом Рашид Олимов ба ҳайати кормандони расона бардамиву солимӣ, илҳоми тоза, дастовардҳои нави касбӣ ва комёбиҳои минбаъда бахотири шукуфоии Тоҷикистон орзу кардааст.



