Борону жола ва тӯфони чангу ғубор: ҳавои моҳи май дар Тоҷикистон

Баъзан ҳодисаҳои фаромадани сел дар назар аст.

Ширин Раҳмонова, asia+

Ҳавои моҳи май дар Тоҷикистон гарм пешгӯӣ шуда, лекин боришот ҳам мешавад: борону баъзан жола, раъду барқ ва пурқувват шудани суръати вазидани шамол. Тавре ки Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, аз тӯфони чангу ғубор низ интизорӣ меравад.

Вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ

Ҳарорати миёнаи моҳона 1-3 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ шуда, дар водиҳо 22-28 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо – 18-21 дараҷа гарм мешавад.

Давоми моҳ ҳарорат тағйир меёбад: дар водиҳо шабона аз 15-20 то 22-27 дараҷа гарм, рӯзона 27-32 то 33-38 дараҷа гарм, дар баъзе рӯзҳо дар ҷануб то 40-42 дараҷа, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 11-16 то 14-19 дараҷа ва рӯзона – аз 20-25 дараҷа то 28-33 дараҷа гарм мешавад.

Дар давоми моҳ обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боридани борону жола, раъду барқ, тӯфони чангу ғубор ва пурқувват шудани вазиши шамол аз самти ғарб то 17-22 м/сония дар назар дошта шудааст.

Вилояти Суғд

 Дар ин вилоят низ ҳарорат 1-2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ шуда, дар водиҳо 22-24 дараҷа ва дар кӯҳҳо – 11-14 дараҷа гарм мешавад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат ба чунин андоза дар назар аст: дар водиҳо шабона аз 12-17 то 18-23 дараҷа гарм, рӯзона – аз 27-30 то 33-38 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона ҳарорати аз 4-9 то 9-14 ва рӯзона – аз 19-24 то 23-28 дараҷа гарм дар назар аст.

Боришот дар вилояти Суғд низ пешгӯӣ шудааст: ҳавои абрноки тағйирёбанда, баъзан борону жола, раъду барқ ва пурқувват шудани суръати вазиши шамол аз самти ғарб то 17-22 м/сония пешбинӣ шудааст.

Ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ шуда, 13-18 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Давоми моҳ ба ин тарз тағйирёбии он пешбинӣ шудааст: шабона аз 4-9 то 10-15 дараҷа гарм, баъзан то 16-21 дараҷа гарм, рӯзона аз 19-24 то 25-30 дараҷа, баъзан то 33-35 дараҷа гарм.

Дар давоми моҳ обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боридани борону жола, раъду барқ, тӯфони чангу ғубор ва пурқувват шудани вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 м/сония дар назар дошта шудааст.

Ноҳияҳои шарқи ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ шуда, 2-7 дараҷа гармро ташкил медиҳад. Ҳарорат шабона аз 0-5 дараҷа хунук то 1-6 дараҷа гарм ва рӯзона аз 7-12 то 14-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар давоми моҳ обуҳавои абрноки итағйирёбанда, баъзан боридани борону барф ва пурқувват шудани вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 м/сония пешбинӣ мешавад.

Фаромадани селҳову ифлосшавии ҳаво

Ғайр аз ин, Агентии обуҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки аввали моҳи май бар асари боришот дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи тобеи марказ ва ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон ҳодисаҳои фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои 1-2 май дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, инчунин 2-3 май дар минтақаҳои шарқии ВМКБ бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокбориш) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), заррачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

Агентӣ ба шаҳрвандон тавсия додаааст, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Игор Ангеловски сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд

Ин мутахассис қаблан дар тимҳои Мақдуния, Крувосӣ, Қазоқистон ва Қибрис фаъолият доштааст.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил

Табрикот ба муносибати 30-солагии таъсисёбии мо идома дорад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.