КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

Идибеки Саид, asia+

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ)-и Тоҷикистон дар шарҳи паёмади боришоти борону жолаи рӯзи гузашта, 30 апрел гуфт, дар пайи он дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили зисти сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

Ин ниҳод бо як нашри иттилоия гуфт, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ба таҳхонаи таваллудхонаи шаҳрии №1, хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаҳои Н. Махсум (8/2, 8/3, 8/4), зери пули кӯчаи Шамсӣ, кӯчаи Зафар, хонаи №11 об ворид шуда, инчунин манзилҳо дар ҳудуди Маркази саломатии шаҳрии №14 зери об мондааст. Ҳамчунин, таҳхонаи Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ аз об пур шудааст.

КҲФ гуфтааст, бо истифода аз таҷҳизоти махсуси обкашӣ обро пурра бартараф кардаанд. Ҳаҷми зарар зикр нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, боришот дар пойтахт боиси душвор шудани ҳаракати мошинҳо, равуои сокинон ва танбашавӣ дар бархе роҳҳо шуд.

Ҳамчунин, дар пайи боридани борону жола дар ноҳияи Рӯдакӣ обу лой ба 21 замини наздиҳавлигӣ, 7 хонаи истиқоматӣ, 5 таҳхона, мактаби №67, оғилхона, нуқтаи сӯзишворӣ, корхонаи хиштбарорӣ, даромада, 50 сотих замини кишоварзии “Раҷабалӣ Давлат” зарар расонидааст.

Акс аз КҲФ

Дар шаҳри Ҳисор сел 200 метр роҳи мошингузарро дар ҷамоати деҳоти Ориён бо лой пӯшонда, ҳамчунин, ба мактаби №91 обу лой ворид шуда, гуфта мешавад, хонандагон сари вақт ба ҷойи бехавф кӯчонида шудаанд.

Дар вилояти Хатлон низ, боришоти шадид боиси селу обхезӣ ва хисорот шудааст. КҲФ иттилоъ медиҳад, ки сел дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба заминҳои наздиҳавлигӣ, хонаҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ ва роҳҳои мошингузар обу лой ворид карда, зарар расондааст, вале теъдоди иншооти осебдидаро нагуфтааст.

Дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара беш аз 30 хонаи истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ ва роҳҳои мошингузар зери сел монда, дар деҳоти Сангтуда низ ба заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои кишоварзӣ ва роҳҳои мошингузар обу лойқа ворид гардида, зарар расондааст.

Намогирифт аз наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд низ дар пайи бориши шадиди рӯзи гузашта сел омадааст. Аз чумла, ба иттилои КҲФ дар маҳаллаи Навободи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара сел аз Қирғизистон ба заминҳои наздиҳавлигӣ, хонаҳои истиқоматӣ, иншоотҳои ёрирасон ва купруки мошингузари болои маҳаллаи Навобод зарари ҷиддӣ расондааст.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сел ба 5 гектар замини гандум, 1,5 гектар замини картошка ва 20 гектар замини пахта осеб расондаанд.

КҲФ мегӯяд, мақомот ҳаҷми пурраи хисоротро муайян мекунанд. Ба иттилои ин ниҳод, дар пайи боришоти охир ҳолатҳои хавфнок ба қайд гирифта нашуда, шоҳроҳҳо ва ағбаҳои кишвар кушода аст.  

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳавошиносон сокинонро то 4-уми май аз борону жола ва обхезиву хокбориш ҳушдор дода буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Ин қарор аз сӯи директори Маркази назорати давлатии беҳдоштию ҳамагиршиносӣ (эпидемиологи) -и вилояти Суғд имрӯз, 1-уми май содир шуд ва тибқи он фурӯши чанд...

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.