Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Алия Хамидуллина, asia+

Дар Тоҷикистон садҳо нафар ҳамасола мунтазири пайвандсозӣ ё худ ивази узвҳои бадан ҳастанд, вале ноумед мемонанд. Ва на барои он, ки соҳаи тиб омода нест ё мутахассисон намерасанд. Мушкили асосӣ сари донорҳо ё шахсонест, ки ба додани узви бадани худ розианд. Имрӯз кӯчонидан ё худ ивази узв танҳо аз хешовандон мумкин аст. Вале ниёзмандоне, ки хешону пайвадони “муносиб” надоранд, бояд чӣ кор кунанд?

Боздошти гумонбарон ба ташкили савдои ғайриқонуниии узвҳои инсон дар Тошканд моҳи феврал водор намуд, ки ба ин масъала рӯ орем.

Бино ба маълумоти ВКД Ӯзбекистон, зану шавҳаре боздошт шудаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ “мизоҷ” меҷустанду гӯиё ба баргузории ҷарроҳиҳои ғайриқонунии пайвандсозии узвҳо гумнбар дониста мешаванд. Дар ин ниҳод зикр кардаанд, ки чунин ҷарроҳиҳо дар бемористони “Истиқлол” дар Душанбе гузаронида мешудаанд.

Дар Тоҷикистон ин маълумотро рад карданд. Дар МД «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” изҳор намуданд, ки ҳамаи ҷарроҳиҳо қатъият мувофиқи қонун гузарнида мешаванд: бо санҷиши робитаҳои хешутаборӣ, муоинаи тиббӣ, қарори комиссия ва ҳатман маъқул шуморида шудан аз ҷониби комиссияи ахлоқи Вазорати тандурустӣ.

Оё маҳз манъи гирифтан ё худ пайвандсозии узвҳо аз шахсони ғайрихеш боис намешавад, ки одамон ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкил берун аз низоми расмӣ оғоз кунанд?

Мо барои гирифтани посух ба Вазорати тандурустии кишвар муроҷиат кардем.

Тиб омода, лекин низом маҳдуд аст

Баҳори соли равон дар Душанбе яке аз ҷарроҳиҳои мушкилтарин гузаронида шуд: дар як вақт гурда ва ғадуди зери меъдаи беморро иваз карданд. Ҳамсари бемор ба пайвандсозии узвҳояш розӣ ё худ донор шуд. Ва ба ин монанд ҳолатҳо дар низоми пайвандсозии узвҳои Тоҷикистон аллакай мавриди аввал нест.

Тайи солҳои ахир ин самт дар ҷумҳурӣ дар ҳоли рушди назаррас аст: марказҳои соҳавӣ кор карда, ҷарроҳии душвор гузаронида мешаванд ва теъдоди ҳолатҳои пайвандсозии узв ва бофтаҳо зиёд мешавад.

Моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бори дуюм дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ яке аз ҷарроҳиҳои душвортарин дар соҳаи пайвандсозии узву бофатаҳо гузаронида шуд: дар як вақт пайвандсозии ду узв – ғадуди зери меъда ва гурда аз шахси солим ба бемор. Акс аз Вазорати тандурустии ҶТ.

Аммо дастрасӣ ба гузаронидани амали пайвандсозӣ ё ивази узву бофтаҳо маҳдуд боқӣ монда, танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст. Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Кодекси тандурустӣ, гирифтан ва пайвандсозии узвҳо аз шахсони зиндаву солим танҳо дар ҳолати вуҷуд доштани алоқаи генетикӣ байни шахсе, ки ба додан ё пайвандсозии узваш розӣ аст ва шахсе, ки ин узв ба ӯ пайванд мешавад, мумкин аст.

“Ин маҳдудият бо мақсади пешгирии суистеъмолҳои имконпазир, ба тиҷорат табдил додани ин амал ва пайдо шудани “бозори сиёҳ”-и узву бофтаҳо, инчунин ҳифзи мукаммали солимии ин шахсон ҷорӣ шудааст. Пайвандсозии хешутаборӣ хавфҳои маҷбуркунӣ, пулгирӣ ва  қоидаҳои ахлоқиро ба ҳадди поинтарин мерасонад”, – шарҳ доданд дар роҳбарияти Вазорати тандурустӣ.

Танҳо интизор шудан лозим меояд…

Дар амал ин чунин маъно дорад, ки имкони даст ёфтан ба пайвандсозӣ ё ивази узв на танҳо ба воситаи ташхису нишондодҳо муайян карда мешавад, балки бо он ҳам низ, ки оё ин шахс хешованде дорад, ки ба пайвандсозии узваш омода аст ва он ба шахси бемор мувофиқ меояд.

Дар Вазорати тандурустӣ эътироф мекунанд, ки қисмати зиёди беморон ба ин мушкил дучор мешаванд:

“Дар бораи чунин категорияи беморон омори дақиқ вуҷуд надорад, зеро қарори пайвандсоз ё донор шудан ба омилҳои бисёри инфиродӣ вобаста аст: мувофиқати тиббӣ, розигии ихтиёрии хешовандон, вазъи солимии пайвандсози имконпазир ва дигар ҳолатҳо. Мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо дарёфти пайвандсоз ё худ донори мувофиқ муяясар намешавад”.

Гемодиализ — расмиёти ҳаётан муҳимест, ки ба таври сунъӣ хунро аз токсинҳо, маҳсулоти табодули моддаҳо ва моеъи барзиёдатӣ тоза мекунад. Дар ин ҳолат гурдаҳои худи шахс аз уҳдаи иҷрои ин корҳо намебароянд. Акс аз торнамои istockphoto.com

Барои чунин афрод амали пайвандсозӣ дастнорас аст, ҳатто агар аз лиҳози техникӣ ҷарроҳӣ имконпазир бошад ҳам. Дар чунин ҳолатҳо тиб метавонад танҳо муолиҷаи дастгирикунанда пешниҳод намояд.

“Ба бемороне, ки шахси пайвандсози мувофиқ надоранд, ҳама гуна муолиҷаи дастгирикунанда, аз ҷумла диализ, табобат бо доруҳо ва дигар кумакҳо баҳри дастгирии ҳаёт ва беҳбуди сифати он то замони ҳаллу фасл шудани мушкил гузаронида мешавад”, – шарҳ доданд дар Вазорати тандурустӣ.

Дар асл бошад, ин як маъно дорад: ба шахс лозим меояд, ки танҳо интизор шавад ва ин ҳам ҳоло маълум нест, ки ягон вақте ин ба ӯ муяссар мешад…

Пайвандсозӣ баъди марги инсон иҷоза аст, лекин вуҷуд надорад

Дар робита ба розигии шахс ба пайвандсозии узвҳо баъди марг, қонун ба ивази узвҳо аз шахсони фавтида бо тасдиқи марги майнаи сар ва розигии хешовандон иҷоза медиҳад.

Илова бар ин, табибон борҳо таъкид мекунанд, ки маҳз чунин механизм ба афзоиши ҷиддиву босуръати шумори ҷарроҳиҳо қодир буда, ҳаёти бисёре аз одамон наҷот дода мешавад. Аммо чунин низом дар амал кор намекунад.

“Мутаассифона, то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати пайвандсозии узвҳо баъди марг вуҷуд надорад. Сарфи назар аз иҷозаи чунин ҳолат дар қонунгузорӣ, бинобар сабаби вижагиҳои фарҳангӣ, эътиқодӣ ва ахлоқии ҷомеа, чунин таҷриба роиҷ нашудааст”, – зикр карданд дар Вазорати тандурустӣ.

Хешовандон аксар вақт ба пайвандсозии узвҳо розӣ нашуда, расму оин ва анъанаву дин ба ин масъала  аксаран назари эҳтиёткорона ё манфӣ доранд.

Дар худи Вазорат дар ҳамин ҳол таъкид мекунанд, ки маҳз камбуди узвҳо барои пайвандсозӣ монеъаи асосӣ боқӣ монда, мавҷуд набудани таҷрибаи пайвандсозии узвҳо баъди марг имконоти кумак ба беморонеро, ки хешовандони мувофиқ надоранд, ба таври назаррас маҳдуд месозад.

Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ 50 сол пеш ҷарроҳи бемориҳои дил Кристиан Барнард (аз чап) бори аввал дар ҷаҳон кӯчонидани дилро аз як шахс ба шахси дигар анҷом дод. Акс аз Associated Press

“Мо бар ин назарем, ки тағйир равишу муносибат ба амали пайвандсозӣ баъди марг имконпазир ва мувофиқи мақсад аст, агар маълумоти бехатар, аз лиҳози ахлоқ муносиб будан ва нафъи зиёд ба мардум доштани он дуруст ва густарда ба аҳолӣ фаҳмонида шавад. Дар сурати роҳандозии кори фаъоли огоҳонидану маърифатӣ, ҷорисозии пайвандсозии узвҳо баъди марг метавонад дар дурамои наздик амалӣ шавад”, – гуфтанд дар раҳбарияти Вазорат.

Дар ҳамин ҳол, дар дигар кишварҳо, аз ҷумла исломӣ, пвайвандсозии узву бофтаҳо аз шахсони фавтида аллакай кайҳост, ки бо иштироки комиссияҳои махсус гузаронида мешаванд. Соли гузашта дар Қирғизистон имомхатибҳо расман ба баргузории чунин ҷарроҳиҳо ба Вазорати тандурустӣ расман иҷоза доданд.

Дар Тоҷикистоен низ пешвоёни дин ҳамраъйанд, ки дар ислом ба кӯчонидани узвҳо аз шахсони фавтида иҷоза аст, зеро арзиши асосӣ ҳаёти инсон ва кумак ба дигарон маҳсуб меёбад.

“Ислом ба мо талқин мекунад, ки ба ҳаёт арҷ гузорем ва ба дигарон ёрӣ расонем. Агар пайвандсозии узвҳо шахсро наҷот диҳад, ин амали нек аст”, – зикр карда буд дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳусейн Мӯсозода.

Коршиносон чунин мешуморанд, ки монеъаҳои асосӣ ҳароси марбут ба вайрон кардани ҷисми инсон пас аз марг, инчунин нигарониҳо аз он, ки пайвансозии узв баъди марг метавонад ба ҳолатҳои зиёди суистифода ва пайдо шудани бозори сиёҳи узвҳои инсон боис гардад.

Далели асосӣ муқобили пайвандсозии узв аз шахси бегона

Дар Вазорати тандурустӣ рад кардани пайвандсозии узвҳо аз шахсони бегона (ғайрихеш)-ро пеш аз ҳама ба хавфи суистеъмол ва савдои ғайриқонунии узвҳо марбут медонанд.

“Масъалаи ҷорисозии пайвандсозии узвҳо аз афроди бегона (ғайрихеш) ба сифати самти афзалиятнок баррасӣ намешуд, зеро қонунгузории амалкунанда ва меъёрҳои ахлоқӣ ба то ҳадди поинтарин расонидани ҳолатҳои суистифода равона шудаанд. Ба рушди пайвандсозии хешутаборӣ ва омодагӣ ба ҷорисозии эҳтимолии пайвандсозии узвҳо баъди марг бо шарти дастгирӣ ёфтан аз ҷониби ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир мешавад”, – хабар доданд дар Вазорати тандурустӣ.

Дар ин ниҳод таъкид мекунанд, ки дар кишвар аллакай низоми назорати қатъи ҷорӣ шудааст: ҳамаи ҷарроҳиҳо тариқи комиссияҳои тиббӣ, санҷиши ҳуҷҷатҳо, арзёбии равонии шахсе, ки ба пайвандсозии узв розӣ аст ва розигии ҳатмии ихтиёрӣ гузаронида мешаванд.

Акси марбута аз манбаъҳои боз

Чунин модел ба ақидаи мутахассисон, бояд ҳама гуна роҳу воситаҳои ғайриқонуниро бартараф созад.

Лекин ин ҷо саволе ба миён меояд. Агар механизмҳои назорат аллакай амал мекунанд, пас чаро онҳо бояд дар модели бештар паҳншудаи розигӣ ба пайвасндсозии узв ҷорӣ нашаванд? Зеро ин ба афзоиши теъдоди амалҳои пайвандсозии узв ва имкон ба шахсони имрӯз ба ҷарроҳи имконнадошта шароит фароҳам меорад.

P.S. Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон мавзӯи розигии пайвандсозии узвҳо пас аз марг тадриҷан аз доираи мамнӯъият берун мешавад. Дар соли 2025 қариб 13 ҳазор нафар расман барои пайвандсозии узвҳо розигӣ доданд, ки аз се як ҳисса бештар нисбат ба як соли пешин аст.

Инро метавон ба воситаи портали давлатии eGov анҷом дод ё дар дармнгоҳи худ ариза дод. Теъдоди касоне, ки ба чунин тасмимгирӣ барои хешовандони худ сарфи назар аз душвории маънавии интихоб омодаанд, низ зиёд мешавад.

Табибон зикр мекунанд, ки на танҳо маълумоти оморӣ, балки муносибати ҷомеа низ тағйир меёбад. Ҳарчи бештар одамон акнун ба эҳсосу хулосае расидаанд, ки пайвандсозии узвҳо баъд аз марг баъзан ягона имконият барои наҷоти ҳаёти касе аст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.