Нақлиёти барқӣ бо қарз. Кадом бонк барои хариди он қарз медиҳад ва фоизаш чанд аст?

Бонкро чӣ гуна бояд интихоб кард?

Меҳрангез Султонзода, asia+

“Азия-Плюс” пешниҳоди қарзии бонкҳои кишварро барои хариди нақлиёти барқиро ҷамъ овард. Ин имкони хуби гузаштан ба нақлиёти “сабз” бе хавфҳои молиявӣ аст. 

Маълум шуд, ки қарзи хос бо фоизи паст барои хариди худравҳои барқӣ (электромобил) танҳо аз ҷониби бархе аз бонкҳову ташкилотҳои қарзӣ, аз ҷумла “Алиф Бонк”, “Бонки Эсхата”, “Спитамен Бонк”, ICB ва Фонди қарзии хурди “Микроинвест” пешниҳод мешавад. Дигар бонкҳо танҳо қарз барои хариди автомобил пешниҳод мекунанд.

 

“Алиф Бонк”

Ҳадди ниҳоии маблағи қарз то 1 миллион сомонӣ ва муҳлати пардохт то 5 сол аст. Барои гирифтани қарз бояд пешпардохт ба маблағи 20% аз нархи автомобил супорида шавад. 

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

Бонки “Эсхата”

Бонки “Эсхата” барои хариди нақлиёти барқӣ бо 22% солона ва барои хариди автомобил бо сӯзишворӣ бо 24% солона қарз пешниҳод мекунад. 

Қарзи бонк барои то 5 сол пешбинӣ шуда, то 300 ҳазор сомонӣ аст. Барои гирифтани қарз пешпардохт шарт нест. Ба ҳайси гарав мошини харидашуда қабул мешавад.

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

“Спитамен Бонк”

“Қарзи сабз”-и “Спитамен Бонк” барои харидории мошинҳои барқӣ ва рушди соҳибкории экологӣ пешниҳоди ҷолиб аст. Меъёри фоизи қарзӣ аз 21% солона бо сомонӣ ва 14% бо доллар оғоз шуда, ҳаҷми ниҳоии он то 300 000 сомонӣ ва муҳлат то 48 моҳ аст.

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

Фонди қарзии хурди “Микроинвест”

“Микроинвест” аз 1 000 то 250 000 сомонӣ ба муҳлати то 48 моҳ қарз пешниҳод мекунад. 

Ҳамчун гарав замонат, нақлиёт ё амволи ғайриманқул қабул мешавад.

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

 

“Амонатбонк”

“Амонатбонк” махсус барои хариди нақлиёти барқӣ қарз ба маблағи то 1 млн сомонӣ бо муҳлати то 60 моҳ ва меъёри фоизи қарзӣ аз 21% бо сомонӣ ва аз 11% бо доллар пешниҳод мекунад. 

Барои муштариён аз ВМКБ бошад, имтиёз аз 20% солона бо сомонӣ амал мекунад. 

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё  дар сомонаи он дархост гузоред

“Актив Бонк”

“Актив Бонк” автоқарз бо 13% солона бо доллар бо пешпардохти 20% аз нархи автомобил пешниҳод мекунад. Меъёри фоиз бе пешпардохт 18%-ро ташкил медиҳад.

Ҳадди ниҳоии маблағи қарз то 20 000 доллар ва муҳлати пардохт то 48 моҳ аст. Ду сол қабл, ҳадди ниҳоии маблағи қарзи ин бонк то 25 000 доллар буд.

Қарз бо сомонӣ низ пешниҳод мешавад :

– Бо пешпардохт — 20% солона;

– Бе пешпардохт — 25% солона.

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

Акси бо ҳуши маснӯӣ таҳияшуда.

Dushanbe City Bank

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

Бояд гуфт, соли гузашта бонк бо муҳлати то 5 сол ва бо меъёри фоизи 20% бо сомонӣ қарз пешниҳод мекард.

“Коммерсбонк Тоҷикистон”

Меъёри фоизи қарзӣ барои хариди мошин дар “Коммерсбонк Тоҷикистон” аз 13% то 15% солона бо доллар ва аз 20% то 25% бо сомониро ташкил медиҳад. 

Ҳадди ниҳоии маблағи қарз то 200 000 сомонӣ ва муҳлати пардохт то 36 моҳ аст.

Барои гирифтани қарз метавонед ба бонк муроҷиат кунед ё дар сомонаи он дархост гузоред.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.