Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Тоҷикистон дар гузориши нави “Global AI Diffusion Report”-и ширкати “Microsoft”, ки сатҳи истифодаи ҳуши маснӯиро радбандӣ мекунад, дар яке аз мавқеъҳои поён қарор гирифтаасат. Дар се моҳи соли расон 6,1%- аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд, ки ин қариб се баробар пасттар аз нишондиҳандаи ҷаҳонӣ аст.

Тибқи гузориш, дар се моҳи соли 2026 ҳиссаи корбарон аз ҳуши маснӯӣ дар ҷаҳон аз 16,3% то ба 17,8% боло рафтааст. “Microsoft” истифодаи ҳуши маснӯиро байни одамони аз 15 то 64-сола месанҷад, ки дар ин давра маҳсулоти ҳуши маснӯиро истифода бурдаанд.

Дар феҳристи ҷаҳонӣ, Тоҷикистон миёни 147 кишвар дар зинаи 145-ум паҳлӯи Афғонистон ва Туркманистон ҷойгир шудааст.

Пешсафи радабандии ҷаҳонӣ Амороти Муттаҳидаи Араб мебошад, ки дар он 70,1%-и аҳоӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода мебаранд. Дар зинаи дуюм, бо нишондиҳандаи 63,4% Сингапур ҷойгир шудааст. Ба панҷгонаи пешсафон Норвегия, Ирландия ва Фаронса шомиланд.

“Microsoft” зикр мекунад, ки ҷорисозии ҳуши маснӯӣ дар саросари дунё нобаробар ҷараён дорад. Дар кишварҳои Шимоли ҷаҳонӣ 27,5%-и аҳолӣ ва дар кишварҳои Ҷануби ҷаҳонӣ – 15,4%-и аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода мебаранд. Афзоиши фарқият миёни ин ду гурӯҳ идома дорад.

Дар гузориш афзоиши босуръати фаъолнокии ҳуши маснӯӣ дар қораи Осиё зикр мешавад. “Microsoft” ишора мекунад, ки аз моҳи июни соли 2025 аз 15 кишвар дорои рушди босуръати ҳуши маснӯӣ 12-то маҳз дар Осиё қарор доранд. Миёни онҳо ҳамчунин Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон номбар шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.