Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба мақомоти раҳбарии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия иттилоъ медиҳад, ки 40 дарсади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик намедонанд, ки дар Русия ба чӣ кор
машғул хоҳанд буд.
Тибқи маълумоти хадамот, ин нишондиҳанда ба 28 дарсади муҳоҷирони меҳнатии ӯзбек ва аз панҷ нафар ба як нафар шаҳрвандони Қазоқистон низ дахл доранд.
Дар машварати макомоти раҳбарии СААД ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё оид ба масоили мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ директори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский изҳор дошт, ки дар шароити густарда гаштани бӯҳрони молӣ муҳоҷирати шаҳрвандон
аз кишварҳои собиқ шӯравӣ ба Русия сарчашмаи муташанниҷии вазъ шуда метавонад. «Кӯшиши қисмате аз муҳоҷирон барои пайдо кардани ҷойи корӣ дар бахшҳои ғайриқонунӣ аз эҳтимол дур нест», – гуфтааст ӯ.
Ромодановский таъкид сохтааст, ки «зарур аст, ҳарчи бештар раванди муҳоҷират таҳти назорату идора қарор дода шавад».





