Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамврилро (рефинансирования) ба андозаи 1,5 дарсад паст кард.
Тавре аз БМТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар таърихи 28-уми январ меъёри бозтамвил аз 13,5 дарсади мавҷуда то 12 дарсад поин фароварда шуд.
Ёдовар мешавем, соли 2008 меъёри бозтамвил 4 маротиба тағир дода шуд. Моҳи феврали соли гузашта БМТ меъёрро аз 15 то 16 дарсад баланд бардошт.
Сипас тадриҷан меъёри бозтамвил ба пастшавӣ шурӯъ кард. Ҳамин тариқ, моҳи моҳи апрел он аз 16 то 14,75, моҳи июл аз 14,75 то 14 ва моҳи ноябр аз 14 то 13,5 дарсад паст карда шуд ва ин меъёр то 28-уми январи соли ҷорӣ амал мекард.





