Хадамоти муҳоҷирати Русия: 40 дарсади муҳоҷирони тоҷик намедонанд, ки дар Русия ба чӣ кор машғул хоҳанд буд

            Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба мақомоти раҳбарии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия иттилоъ медиҳад, ки 40 дарсади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик намедонанд, ки дар Русия ба чӣ кор   машғул хоҳанд буд.             Тибқи маълумоти хадамот, ин нишондиҳанда ба 28 дарсади муҳоҷирони меҳнатии ӯзбек ва аз панҷ нафар ба як […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба мақомоти раҳбарии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия иттилоъ медиҳад, ки 40 дарсади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик намедонанд, ки дар Русия ба чӣ кор

 

машғул хоҳанд буд.





           

Тибқи маълумоти хадамот, ин нишондиҳанда ба 28 дарсади муҳоҷирони меҳнатии ӯзбек ва аз панҷ нафар ба як нафар шаҳрвандони Қазоқистон низ дахл доранд.




           

Дар машварати макомоти раҳбарии СААД ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё оид ба масоили мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ директори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский изҳор дошт, ки дар шароити густарда гаштани бӯҳрони молӣ муҳоҷирати шаҳрвандон

 

аз кишварҳои собиқ шӯравӣ ба Русия сарчашмаи муташанниҷии вазъ шуда метавонад. «Кӯшиши қисмате аз муҳоҷирон барои пайдо кардани ҷойи корӣ дар бахшҳои ғайриқонунӣ аз эҳтимол дур нест», – гуфтааст ӯ.




           

Ромодановский таъкид сохтааст, ки «зарур аст, ҳарчи бештар раванди муҳоҷират таҳти назорату идора қарор дода шавад».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.