Масъалаи сафари Э.Раҳмон ба нишастҳои ЕврАзЭС ва СААД-ро алҳол баррасӣ мекунанд

  Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи иттилои сарчашмаҳои огоҳи мақомоти сохтори давлатӣ, масъалаи иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои ғайринавбатии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Маскав пешбинӣ шудааст, шояд то охири ҳамин рӯз муайян гардад.             Ба иттилои манбаъ аз дастгоҳи иҷроияи сарвари […]

root


 


Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи иттилои сарчашмаҳои огоҳи мақомоти сохтори давлатӣ, масъалаи иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои ғайринавбатии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки рӯзи 4-уми феврал дар шаҳри Маскав пешбинӣ шудааст, шояд то охири ҳамин рӯз муайян гардад.





           

Ба иттилои манбаъ аз дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, гурӯҳи кории масъул рӯи санадҳои зарурии сафари сарвари давлат ба Маскав, кишварҳои соҳили Балтика, Белгия ва Хорватия, ки дар нимаи моҳи феврал ба нақша гирифта шудаанд, рӯзҳои истироҳат кор карда, онҳоро пурра омода сохтааст.




           

Дар таърихи 31-уми январ як қатор оҷонсиҳои иттилоотии хориҷӣ бо истинод ба Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ маводеро интишор сохтанд, ки бинобар вазъи мушкили мавҷуда ба иллати бӯҳрони энергетикӣ дар Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои дар даҳаи аввали моҳи феврал пешбинишударо мавқуф гузоштааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.