Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ҷиҳати баррасии пешгӯии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар соли ҷорӣ рӯзи 5-уми феврал ба Душанбе меояд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни боздид тағйироти иқтисодии кишвар дар соли гузашта таҳлил гардида, сатҳи пешакии нишондиҳандаҳо дар соли 2009 муайян карда мешаванд ва буҷаи давлатии кишвар низ баррасӣ хоҳад шуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода мегӯяд, дурнамои нишондиҳандаҳои мақроиқтисодии Хазина дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои пешакии омодасохтаи ҷониби Тоҷикисон каме тавофоут дорад. «Аз ҷумла, коршиносони ХБА ба чунин назаранд, ки соли ҷорӣ рушди иқтисодӣ на бештар аз 5 дарсадро ташкил дода, мизони таваррум 18 дарсадро ташкил медиҳад, вале мо чунин мешуморем, ки ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 7 ва 13 дарсад баробар хоҳанд буд», – гуфт ӯ.





