Ҳайати ХБА ҷиҳати баррасии нишондиҳандаҳои пешакии макроиқтисодии кишвар дар соли ҷорӣ ба Душанбе меояд

               Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ҷиҳати баррасии пешгӯии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар соли ҷорӣ рӯзи 5-уми феврал ба Душанбе меояд.             Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни боздид тағйироти иқтисодии кишвар дар соли гузашта таҳлил гардида, сатҳи пешакии нишондиҳандаҳо […]

Пайрав Чоршанбиев



            




 

Душанбе. 2-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ҷиҳати баррасии пешгӯии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар соли ҷорӣ рӯзи 5-уми феврал ба Душанбе меояд.





           

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, зимни боздид тағйироти иқтисодии кишвар дар соли гузашта таҳлил гардида, сатҳи пешакии нишондиҳандаҳо дар соли 2009 муайян карда мешаванд ва буҷаи давлатии кишвар низ баррасӣ хоҳад шуд.




           

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода мегӯяд, дурнамои нишондиҳандаҳои мақроиқтисодии Хазина дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои пешакии омодасохтаи ҷониби Тоҷикисон каме тавофоут дорад. «Аз ҷумла, коршиносони ХБА ба чунин назаранд, ки соли ҷорӣ рушди иқтисодӣ на бештар аз 5 дарсадро ташкил дода, мизони таваррум 18 дарсадро ташкил медиҳад, вале мо чунин мешуморем, ки ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 7 ва 13 дарсад баробар хоҳанд буд», – гуфт ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.