Муовини раиси ҲНИТ: Барои роҳандозии муносибат бо ҷаҳони ислом ИМА набояд танҳо ба кишварҳои арабӣ такя кунад

Душанбе. 5-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мавриди шарҳи паёми президенти ИМА ба кишварҳои мусулмонӣ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Воҳидхон Қосиддинов изҳор дошт, ки дар роҳандозии муносибат бо ҷаҳони ислом Амрико набояд танҳо ба кишварҳои арабӣ такя намояд. Ба қавли В.Қосиддинов, мухолифат миёни ИМА ва ҷаҳони мусулмонӣ танҳо дар сурате ба таври мусбат […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 5-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мавриди шарҳи паёми президенти ИМА ба кишварҳои мусулмонӣ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Воҳидхон Қосиддинов изҳор дошт, ки дар роҳандозии муносибат бо ҷаҳони ислом Амрико набояд танҳо ба кишварҳои арабӣ такя намояд.




Ба қавли В.Қосиддинов, мухолифат миёни ИМА ва ҷаҳони мусулмонӣ танҳо дар сурате ба таври мусбат ҳал хоҳад гардид, ки Амрико муносибаташро натанҳо бо кишварҳои мусалмони араб, балки бо дигар кишварҳои ҷаҳони ислом, аз ҷумла, Эрон низ роҳандозӣ созад. «Ман аз он тааҷҷуб мекунам, ки Барак Обама дар суханронии худ Исроилро чун кишвари ҷабрдида арзёбӣ мекунад ва бо чунин тарзи назар ба мунсибати созанда умед бастан душвор аст», – гуфт ӯ.



Номбурда афзуд, барои даст ёфтан ба комёбӣ дар муносибат бо ҷаҳони ислом Амрикоро зарур аст, аз амалиёти низомӣ ба муқобили кишварҳои исломӣ даст кашад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.