Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ барои бунёди меҳмонхонаи «Серена» дар Душанбе 7 млн. $ маблағ ҷудо мекунад

Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ ( IFC ) барои бунёди меҳмонхонаи «Серена» дар Душанбе ба ширкати Tourism Promotion Services Tajikistan 7 млн. $ маблағ ҷудо мекунад. Чӣ тавре ки аз корпоратсияи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар меҳмонхона барои аҳолии маҳаллӣ 135 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, пардохтҳои андоз ба […]

Виктория Наумова


Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) барои бунёди меҳмонхонаи «Серена» дар Душанбе ба ширкати Tourism Promotion Services Tajikistan




7 млн. $ маблағ ҷудо мекунад.




Чӣ тавре ки аз корпоратсияи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар меҳмонхона барои аҳолии маҳаллӣ 135 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, пардохтҳои андоз ба буҷа ҳудуди 1 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳанд дод. Меҳмонхонаи «Серена» дуввумин меҳмонхонаи сатҳи байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе буда, аз 85 утоқи истиқомат ва 10 апартамент иборат хоҳад буд. «Барои бунёди дафтарҳои корӣ ва нуқтаҳои фурӯш 1,6 ҳазор метри мураббаъи майдони сохтмони меҳмонхона ҷудо карда шудааст», – гуфт манбаъ.



Тибқи маълумоти


IFC


, шумори сайёҳони хориҷие, ки аз Тоҷикистон боздид мекунанд, аз 700 нафари соли 1997 то 62 ҳазор нафар дар соли 2007 афзудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.