Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти
Ҷ
умҳурии То
ҷ
икистон, Раиси Ҳукумати мамлакат
Эмомал
ӣ
Раҳмон барои
ҷ
удо намудани қарзи имтиёзнок ва к
ӯ
макпулии якдафъаина ба оилаҳое, ки аз боришоти боронҳои зиёд ва фаромадани ярч
хонаҳояшон
зарар дидааст, фармоиш имзо намуд.
Мутобиқи ин фармоиш 377 450 сомон
ӣ
маблағ
ҷ
удо мегардад, ки ба
ҳар як оилаи ду деҳаи
ҷ
амоати Айнии ноҳияи Хуросон, ки хонаҳояшон дар нати
ҷ
аи боришоти зиёд ва фаромадани ярч пурра ва ё қисман зарар дида буд, тақсим карда мешавад. Ба ҳар як оилаи зарардида 3000 сомон
ӣ
қарзи имтиёзнок ва вобаста ба андозаи зарар аз 150 то 650 сомон
ӣ
к
ӯ
макпулии якдафъаина дода мешавад.
Вазорати молия, Бонки давлатии Амонатгузории «Амонатбонк» ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва
мудофиаи граждан
ӣ
вазифадор гардиданд, ки дастрас кардани
маблағҳои
мазкурро ба оилаҳои зарардида таъмин намоянд.
Хотиррасон мекунем, ки шаби 21 – ум ба 22 –
юми апрели соли равон дар ду деҳаи
ҷ
амоати Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар нати
ҷ
аи боришоти зиёд ва фаромадани ярч 22 хона пурра ва 65 хонаи дигар қисман вайрон шуда буд.
Дар ин 87 хонаи зарардида 114 оила зиндаг
ӣ
мекардаанд, ки шумораи онҳо 595 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



