Дар Тоҷикистон аввалин мадрасаи намунавии дунявӣ – динӣ муаррифӣ мешавад

Душанбе. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аввалин муассисаи хусусии таълимии дунявӣ-динии ба номи «Абӯҳанифа» муаррифӣ мешавад. Муассисаи мазкур нахустин мадрасаи мутавасситаи пилотӣ ё намунавӣ дар кишвар мебошад, ки таълимро дар заминаи синтези фанҳои дунявӣ ва динӣ ба роҳ мондааст. Идеяи ифтитоҳи чуниин муассисаи таълимӣ се сол қабл дар ҷараёни […]

root


Душанбе. 5-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аввалин муассисаи хусусии таълимии дунявӣ-динии ба номи «Абӯҳанифа» муаррифӣ мешавад. Муассисаи мазкур нахустин мадрасаи мутавасситаи пилотӣ ё намунавӣ дар кишвар мебошад, ки таълимро дар заминаи синтези фанҳои дунявӣ ва динӣ ба роҳ мондааст.




Идеяи ифтитоҳи чуниин муассисаи таълимӣ се сол қабл дар ҷараёни фаъолияти Муколимаи дунявиён ва дингароён пайдо шуда буд. Дар муддати се сол аз ҷониби якчанд гурӯҳҳои корӣ, ки аз мутахассисони шинохтаи дунявӣ ва фақеҳњони исломӣ иборат буданд, барномаи таълимӣ тартиб дода шуд. Ҳамчунин, барои муаллимони оянда тренинги омӯзишӣ гузаронида шуд, ки дар он барномаи вежаи таълимӣ аз санҷиш гузашт.




           

Дар мадрасаи намунавӣ фанҳои дунявӣ ва динӣ баробар таълим дода мешаванд, то ин ки хатмкунандагони он донишҳои васеи чи динӣ ва чи дунявӣ дошта бошанд.




           

Феълан дар муассисаи таълимии намунавӣ 20 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон таълими дунявӣ ва динӣ мегиранд. Ба онҳо устодони варзидаи фанҳои дунявӣ ва динӣ, тибқи барномаи муназзам ва нақшаи таълимӣ дарс мегӯянд.



Ба муассисаи таълимӣ ҳама хоҳишмандоне, ки мактаби таҳсилоти ҳамагониро хатм намудаанд, қабул карда мешаванд. Дар ин бора директори муассисаи хусусии таълимии дунявӣ-динии ба номи «Абӯҳанифа» – Алиев Рабӣ Юнусович хабар дод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.