Соли равон дар ҷумҳурӣ сохтмони роҳи оҳани «Колхозобод-Панҷи Поён» шурӯъ мегардад

            Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бо супориши сарвари давлат КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» моҳи сентябри соли равон ният дорад сохтмони роҳи оҳани самти «Ваҳдат-Ёвон»-ро ба масофаи 46 км шурӯъ намояд.             Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар марҳилаи аввал корхона сохтмонро аз ҳисоби маблағҳои худӣ […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Бо супориши сарвари давлат КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» моҳи сентябри соли равон ният дорад сохтмони роҳи оҳани самти «Ваҳдат-Ёвон»-ро ба масофаи


46 км

шурӯъ намояд.





           

Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар марҳилаи аввал корхона сохтмонро аз ҳисоби маблағҳои худӣ оғоз карда, сипас ҷалби сармоягузорони хориҷӣ низ аз эҳтимол дур нест.




           

Ба гуфтаи ӯ, ояндаи наздик шурӯъи сохтмони роҳи оҳани самти «Колхозобод-Панҷи Поён» дар назар аст, ки он тадриҷан Тоҷикистонро тавассути Афғонистон бо Эрон мепайвандад ва бунёди роҳ аз ҷониби Эрон аллакай оғоз гардидааст. «Ҳамчунин пешниҳоди сохтмони роҳи оҳан ба Чин тариқи қаламрави Қирғизистон низ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад», – афзуд Амонулло Ҳукуматулло.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби  марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.