Сафорати Тоҷикистон дар Русия шумори фавтидагон бар асари сӯхтор дар Маскавро муайян месозад

Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати Тоҷикистон дар Русия шумораи фавтидагон бар асари сӯхтор дар Маскавро, ки чанде қабл дар кӯчаи Приволнии ин шаҳр рух дод, муайян месозад. Тавре роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шоми дирӯз намояндагони сафорат ба ҷои сӯхтор омаданд, то бо ҳодиса […]

Виктория Наумова


Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати Тоҷикистон дар Русия шумораи фавтидагон бар асари сӯхтор дар Маскавро, ки чанде қабл дар кӯчаи Приволнии ин шаҳр рух дод, муайян месозад.




Тавре роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, шоми дирӯз намояндагони сафорат ба ҷои сӯхтор омаданд, то бо ҳодиса аз наздик расидагӣ намоянд.



«Мувофиқи маълумоти пешакӣ, бар асари сӯхтор 7 шаҳрванди Тоҷикистон фавтидаанд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки иттилоъи мазкур боз санҷида хоҳад шуд.



Дар ҳамин ҳол, радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳалокати 7 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар як сӯхтор дар Маскавро тасдиқ кардааст ва фоҷеаи зуҳри рӯзи 13-уми январ дар як мошинхонаи зеризаминӣ дар минтақаи ҷанубу шарқии Маскав рух додааст ва ҳувияти ҳалокшудагон маълум аст.



Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар маҳалли фоҷеа ба таҳқиқи ҳодиса машғул ҳастанд ва сафорат барои фиристодани ҷанозаи ҳалокшудагон ба ватан омодагӣ мегирад.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.