Соли ҷорӣ Амрико барои рушди демократия дар Тоҷикистон 27,5 млн. $ ҷудо мекунад

            Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзномаи «Деловая неделя» (Қазоқистон) иттилоъ медиҳад, ки соли ҷорӣ Амрико барои рушди демократия дар Тоҷикистон 27,5 млн. $ ҷудо мекунад.             Тибқи иттилои нашрия, дар ин самт Амрико ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар маҷмӯъ 2,2 млрд $ ихтисос медиҳад, ки қариб нисфи он – 1,05 млрд. […]

Фирдавс Муртазоев



           

Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзномаи «Деловая неделя» (Қазоқистон) иттилоъ медиҳад, ки соли ҷорӣ Амрико барои рушди демократия дар Тоҷикистон 27,5 млн. $ ҷудо мекунад.





           

Тибқи иттилои нашрия, дар ин самт Амрико ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар маҷмӯъ 2,2 млрд $ ихтисос медиҳад, ки қариб нисфи он – 1,05 млрд. $ барои Афғонистон пешбинӣ шудааст. Миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон – 28,6, Қазоқистон – қариб 19, Туркманистон – 9,5 ва Ӯзбекистон – 8 млн. $ маблағҳо ҷудо карда мешаванд.




           

Дар иттилои нашрия гуфта мешавад, ки маблағи нисбатан камтар ҷудогардида ба Ӯзбекистону Туркманистонро намояндагони департаменти давлатии Амрико бо он маънидод мекунанд, ки фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматии Амрико дар ин кишварҳо ба мушкилот мувоҷеҳ аст ва ҳукуматҳои давлатҳои мазкур ба ҳама гуна кӯмаки Амрико бо шубҳа менигаранд.




           

Амрико ба кишварҳои дигари собиқи шӯравӣ барои рушди демократия ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соли 2009 ба миқдори зайл кӯмак ҷудо намудааст: ба Украина – 86,5, , Гурҷистон- 67, Русия – 56,3, Арманистон 28, Озарбойҷон 24,7, Молдова – 17 ва Белорус – 10 млн. $.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.