Вазири маориф: Аз сифати таълим дар макотиби миёна ва олӣ сарвари давлат ва вазорат қаноатманд нестанд

           Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати маорифи ҷумҳурӣ тасмим гирфтааст, то соли 2012 мувофиқи барномаи таълим ва нақшаи омӯзиш барои синфҳои 1-11-и макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ китобҳои дарсии нав нашр созад. Вазири морифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ба рӯзноманигорон гуфт, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат дар ин хусус қарор қабул гардида, барои таҳияи китобҳои […]

Мавҷуда Ҳасанова


           Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати маорифи ҷумҳурӣ тасмим гирфтааст, то соли 2012 мувофиқи барномаи таълим ва нақшаи омӯзиш барои синфҳои 1-11-и макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ китобҳои дарсии нав нашр созад.




Вазири морифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ба рӯзноманигорон гуфт, дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат дар ин хусус қарор қабул гардида, барои таҳияи китобҳои дарсӣ мувофиқи ҷаҳонбинӣ ва талаботи толибилми ҷаҳони муосир гурӯҳҳои корӣ таъсис дода мешаванд.



Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар давраи солҳои 2007-2008 барои мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар 37 номгӯи китобҳои дарсӣ бо шумораи умумии 3,5 млн нусха нашр гардидааст, ки барои чопи он беш аз 14 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст.



Дар масъалаи сифати таълим вазири маориф зикр кард, ки нисбат ба соли 2007 он каме беҳтар шуда, толибилмон ва донишҷӯён дар гирифтани донишҳои иловагӣ бештар ҳавасманд гаштаанд. «Вале то ҳанӯз аз сифати таълим дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва олӣ сарвари давлат ва вазорати маориф қаноатманд нестанд ва он ба меъёрҳои давлатии таълим ҷавобгӯ нест», – таъкид сохт А.Раҳмонов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.