Душанбе. 12 апрел. «Азия-Плюс» – | Дар Тоҷикистон афзоиши нархи сӯзишворӣ ба қайд гирифта шуд. Дар нуқтаҳои фурӯши бензини пойтахт арзиши он ба 5 сомонӣ барои як литр расидааст, дар ҳоле,ки дар авохири ҳафтаи сипаригашта нархи он на беш аз 4 сомону 70 дирамро ташкил медод.
Тавре ба «АП» аз хадамоти зиддимонополии кишвар хабар доданд, ширкатҳое, ки дар бозори маводи сӯзишвории Тоҷикистон бартарӣ доранд, ҳанӯз ҳафтаи пеш нархгузориҳояшонро бо хадамот мувофиқа карданд.
«Сабаби афзоиши нарх оддӣ ва ба ҳама маълум аст-ин дар мадди аввал гароншавии арзиши нафт дар бозори ҷаҳонӣ, баланд бардоштани андози гумрукӣ ба маводи сӯхт аз ҷониби Русия ва афзоиши нархнома барои интиқоли транзитии мавод тавассути роҳи оҳан аз ҷониби Узбекистон мебошад», – хабар дод манбаъ.
Ба иттилои манбаъ дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон се ширкат бартарӣ доранд: «Газпромнефт- Тоҷикистон», «Анаҳита» ва «Нури Дилшод» мебошанд, ки маҳсулотро асосан аз Русия ворид мекунанд.