Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо ба созмони «Рисолати Шарқ» ҷиҳати татбиқи лоиҳаи нав бо номи «Мусоидат ба тағйироти устувор бо мақсади коҳиши фақр: тарзҳои нави таъминот бо об, санитария ва энергетика» ба маблағи 799,6 ҳазор Евро бурс ҷудо намуд. Дар ин бора аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, лоиҳа шурӯъ аз моҳи декабри соли 2008 дар ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ амалӣ мегардад. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба беҳбуди низоми таъминот бо об, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии нерӯи энергетикӣ барои рӯшноиву гармӣ ва тайёр кардани хӯрок равона гардида, дар чаҳорчӯбаи амалисозии он
ҷамоатхо ба рушд ва идораи низоми таъминот бо об, истифода ва хизматрасонии он ҷалб карда мешаванд.
Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ бо ҳадафи таҳкими равобит миёни иттиҳод ва кишварҳои минтақа амалӣ карда мешавад. Дар чаҳорчӯбаи стратегияи мусоидати Комиссияи Аврупо ба минтақа маблағгузорӣ то 750 млн. Евро барои давраи солҳои 2007-2013 афзуда, миёни кишварҳои минтақа аз ҳама бештар ба Тоҷикистон –барои солҳои 2007-2010 ҷиҳати дастгирии барномаҳои соҳавӣ, мусоидати техникӣ ва бурсҳо 66 млн. Евро ихтисос дода мешавад.
Шурӯъ аз соли 1992 Комиссияи Аврупо ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ба Тоҷикистон беш аз 500 млн. Евро маблағ ҷудо кардааст.


