Иттиҳоди Аврупо ба созмони «Рисолати Шарқ» ҷиҳати татбиқи лоиҳаи нав 799,6 ҳазор Евро бурс ҷудо намуд

Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо ба созмони «Рисолати Шарқ» ҷиҳати татбиқи лоиҳаи нав бо номи «Мусоидат ба тағйироти устувор бо мақсади коҳиши фақр: тарзҳои нави таъминот бо об, санитария ва энергетика» ба маблағи 799,6 ҳазор Евро бурс ҷудо намуд. Дар ин бора аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба […]

Виктория Наумова








Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо ба созмони «Рисолати Шарқ» ҷиҳати татбиқи лоиҳаи нав бо номи «Мусоидат ба тағйироти устувор бо мақсади коҳиши фақр: тарзҳои нави таъминот бо об, санитария ва энергетика» ба маблағи 799,6 ҳазор Евро бурс ҷудо намуд. Дар ин бора аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд.



Бино ба иттилои манбаъ, лоиҳа шурӯъ аз моҳи декабри соли 2008 дар ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ амалӣ мегардад. Татбиқи лоиҳаи мазкур ба беҳбуди низоми таъминот бо об, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии нерӯи энергетикӣ барои рӯшноиву гармӣ ва тайёр кардани хӯрок равона гардида, дар чаҳорчӯбаи амалисозии он

 

ҷамоатхо ба рушд ва идораи низоми таъминот бо об, истифода ва хизматрасонии он ҷалб карда мешаванд.



Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ бо ҳадафи таҳкими равобит миёни иттиҳод ва кишварҳои минтақа амалӣ карда мешавад. Дар чаҳорчӯбаи стратегияи мусоидати Комиссияи Аврупо ба минтақа маблағгузорӣ то 750 млн. Евро барои давраи солҳои 2007-2013 афзуда, миёни кишварҳои минтақа аз ҳама бештар ба Тоҷикистон –барои солҳои 2007-2010 ҷиҳати дастгирии барномаҳои соҳавӣ, мусоидати техникӣ ва бурсҳо 66 млн. Евро ихтисос дода мешавад.



Шурӯъ аз соли 1992 Комиссияи Аврупо ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ба Тоҷикистон беш аз 500 млн. Евро маблағ ҷудо кардааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.