Соли 2008 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 5 млрд. 134 млн. $ баробар шуд

            Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2008 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 17 млрд. 609 млн. сомонӣ (5 млрд. 134 млн. $) баробар шуд, ки дар муқоиса бо нишодиҳандаи соли 2007 ба андозаи 7,9 дарсад бештар аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохили ба ҳар сари аҳолӣ соли 2008 нисбат ба соли пешин ба миқдори 35,3 […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2008 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 17 млрд. 609 млн. сомонӣ (5 млрд. 134 млн. $) баробар шуд, ки дар муқоиса бо нишодиҳандаи соли 2007 ба андозаи 7,9 дарсад бештар аст. Маҷмӯи маҳсулоти дохили ба ҳар сари аҳолӣ соли 2008 нисбат ба соли пешин ба миқдори 35,3 дарсад афзуда, муодили 697 $ шуд.





           

Тавре имрӯз дар ҷаласаи васеъи ҳайтаи мушовараи вазорат вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода хабар дод, соли 2008 ба ҷуз соҳаи саноат, дар дигар соҳаҳои иқтисодӣ рушду тавсеъа ба мушоҳида расидааст. «Дар бахши кишоварзӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 7 млрд. 807 млн. сомонӣ (7,9 дарсад бештар аз нишондиҳандаи соли 2007), муомилоти савдои чакана 4 млрд. 33 млн. сомонӣ (13,5 дарсад бештар) ва муомилоти савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ ва хориҷи дур 4 млн. 676 (16,5 дарсад бештар) доллари амрикоиро ташкил дод», – гуфт ӯ.




           

Дар кори ҷаласаи ҳайати мушовара нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, раҳбарони вазорат ва идораҳои ҷумҳурӣ ва ҳамчунин намояндаи Дастгоҳи президенти кишвар иштирок карданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.