Вазири рушди иқтисод: Соли 2008 мизони таваррум дар Тоҷикистон 11,8 дарсадро ташкил дод

            Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи васеъи ҳайати мушовараи вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ вазир Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ, соли 2008 мизони тавррум дар Тоҷикистон 11,8 дарсадро ташкил додааст, зеро соли гузашта болоравии босуръати нархҳо дар бахши истеъмолӣ ба мушоҳида нарасидааст.             Ғ.Бобозода таъкид сохт, ки ба […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи васеъи ҳайати мушовараи вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ вазир Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ, соли 2008 мизони тавррум дар Тоҷикистон 11,8 дарсадро ташкил додааст, зеро соли гузашта болоравии босуръати нархҳо дар бахши истеъмолӣ ба мушоҳида нарасидааст.





           

Ғ.Бобозода таъкид сохт, ки ба нишондиҳандаи начандон баланди таваррум дар соли гузашта пеш аз ҳама, коҳиши арзиши маҳсулоти нафтӣ, зироати ғалладона ва ва гандум мусоидат кардааст. Ӯтаваҷҷӯҳи ҳозиринро ба нархҳои нисбатан устувор ба маводи ғизоӣ дар соли 2008 ҷалб намуда, ёдовар шуд, ки ахири соли 2007 мизони тавррум дар Тоҷикистон муъодили 19,7 дарсад буд.




           

Ёдрас мекунем, ки қаблан Хазинаи байнулмилалии асъор пешгӯӣ карда буд, ки ахири соли 2008 мизони таваррум дар Тоҷикистон 16 дарсадро ташкил хоҳад дод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.