Дар Тавилдара аз рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли гузашта натиҷагирӣ мекунанд

            Тавилдара. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ноҳияи Тавилдара машварати фаъолони ноҳия доир мегардад, ки дар он аз рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли 2008 натиҷагирӣ карда хоҳад шуд.             Тавре роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия Аҳлиддин Каримов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа оид ба натиҷаҳои соли 2008 ва вазифаҳо дар соли […]

Бимукаррама Насруллоева



           

Тавилдара. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ноҳияи Тавилдара машварати фаъолони ноҳия доир мегардад, ки дар он аз рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар соли 2008 натиҷагирӣ карда хоҳад шуд.





           

Тавре роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия Аҳлиддин Каримов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа оид ба натиҷаҳои соли 2008 ва вазифаҳо дар соли ҷорӣ раиси ноҳия Ҳиммат Ғайратов маърӯза хоҳад кард.




           

Ба иттилои манбаъ, яке аз комёбиҳои кишоварзони ноҳия дар соли гузашта – азхудкунӣ ва обёрии


100 гектар

замин мебошад, ки дар он боғҳо бунёд мешаванд. Дар солҳои 2009-2010 боз азхудкунии 1 ҳазору

600 гектар

заминҳо дар назар аст.




           

Ғайр аз ин, аз маблағи 2,5 млн. сомонии ҷудогардида аз Фонди президенти Тоҷикистон барои сохтмон ва таъмири роҳи мошингарди Лаби Ҷар-Тавилдара-Миёнаду кормандони идораи истифодабарии роҳи ноҳияи Нуробод ба маблағи 1 млн. сомонӣ корҳоро ба сомон расонидаанд. Соли ҷорӣ муассисаи давлатии нозироти роҳҳои мошингарди ноҳияи Тавилдара анҷоми ин корро ба ӯҳдаи худ гирифтааст.




           

Дар кори ҷаласа вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов иштирок мекунад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.