Таҷлили ҷашни Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар Тоҷикистон

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — Ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 8-уми июлро ҳамчун ҷашни Рӯзи маъюбон ва пиронсолон таҷлил менамоянд. Имрӯз ба муносибати ин ҷашн дар шаҳри Душанбе намоишгоҳ – ярмаркаи маснӯъоти истеҳсолкардаи ашхоси дорои имконияти маҳдуд баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев хабар дод, чорабинии мазкур дар […]

Мавҷуда Хасанова

Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — Ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 8-уми июлро ҳамчун ҷашни Рӯзи маъюбон ва пиронсолон таҷлил менамоянд. Имрӯз ба муносибати ин ҷашн дар шаҳри Душанбе намоишгоҳ – ярмаркаи маснӯъоти истеҳсолкардаи ашхоси дорои имконияти маҳдуд баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев хабар дод, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи муштараки ширкати Ассотсиатсияи дастгирӣ ва кӯмаки Ҷопон ва Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистону Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе созмон дода мешавад.

«Дар намоишгоҳ – ярмарка маснӯъоти бо дастони ашхсои дорои имконияти маҳдуд офаридашуда ба маърази тамошо гузошта шуда, маблағи аз фурӯш бадастомада ба рушди минбаъдаи ҳаракати маъюбон равона хоҳад шуд», – таъкид сохт Зикрихудоев.

Номбурда афзуд, ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо дар он ифода меёбад, ки аъзои баробарҳуқуқ ва ҷудонашаванда будани ашхоси дорои имконияти маҳдуд дар ҷомеаро ба хубӣ дарк созем.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 28-уми июни соли ҷорӣ Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе бо мақсади таблиғи фаъолияти ҳаракати маъюбон дар замони истиқлолияти Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳаёт – ҳаракат аст» автомарафон доир намуд, ки дар он 25 нафар маъюбони фаъол аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 160 ҳазор нафар афроди дорои имконияти маҳдуд ба сар мебаранд. Дар пойтахти кишвар ин нишондиҳанда ҳудуди 12 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.