FIFA: Дастаи Тоҷикистон Сурияро иваз менамояд

Бо қарори Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) дастаи мунтахаби футболи Сурия аз иштирок дар мусобиқоти даври севуми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аз қитъаи Осиё маҳрум карда шуд. Дар ду вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дастаи Сурия бохти техникӣ эълон шудааст. Бино ба иттилои хабаргузориҳои ҷаҳон, мақомоти раҳбарии дастаи Сурия ин тасмими FIFA-ро «ноҳақ» ва «дорои ангезаи […]

Аваз Юлдашев


Бо қарори Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) дастаи мунтахаби футболи Сурия аз иштирок дар мусобиқоти даври севуми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 аз қитъаи Осиё маҳрум карда шуд. Дар ду вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дастаи Сурия бохти техникӣ эълон шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои ҷаҳон, мақомоти раҳбарии дастаи Сурия ин тасмими FIFA-ро «ноҳақ» ва «дорои ангезаи сиёсӣ» унвон карда, аз болои он ба додгоҳи ҳакамии варзишии байнулмилалӣ шикоят бурданианд. «Адвокати ваколатдор аллакай ба омодасозии асноди зарурии ҳуқуқӣ шурӯъ кард», – гуфта мешавад дар иттилои хабаргузориҳо.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба масъалаи дар вохӯрӣ бо Тоҷикистон дар ҳайати дастаи Сурия бозӣ кардани Ҷорҷ Мурод, ки дар гузашта узви дастаи Шветсяи буду дар ҳайати ин даста ду маротиба расман ба майдон баромадааст, муроҷиат карда буд.

Мувофиқи оинномаи FIFA, бозигаре, ки як дастаи мунтахабро дар ягон мусобиқаи расмӣ (пурра ва ё қисман) намояндагӣ кардааст, наметавонад дар мусобиқоти байнулмилалӣ ба ҳайати дастаи кишвари дигар ҷалб карда шавад.

Дар даври дуввуми интихобии Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2014 дастаи Сурия дар ҳар ду вохӯрӣ (2:1 дар Ӯрдун ва 4:0 дар Тоҷикистон) бар дастаи Тоҷикистон ғолиб омад. Ҷорҷ Мурод дар ҳар ду воҳурӣ ба дарвозаи ҳариф гол зад.

Роҳбарони дастаи Сурия мегӯянд, Мурод ба бозӣ кардан дар ҳайати дастаи Сурия ҳуқуқ дошт, зеро зода ва шаҳрванди ин кишвар аст.

Мутобиқи ин қарори FIFA, Тоҷикистон дар даври севуми интихобӣ дар гурӯҳи «С» Сурияро иваз менамояд ва ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея мебошанд. Бозиҳои даври сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар қитъаи Осиё 2-юми сентябри соли равон огоз гарда, 29-уми феврали соли оянда ба итмом мерасанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.