spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тӯҳфаи раиси вилояти Суғд ба сокинони деҳаи наздимарзии Сарвақи ноҳияи Ашт


Дар асоси супориши Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба деҳаи Сарвақи болои ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт  сафари корӣ анҷом дод. 

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов зимни вохӯрӣ бо аҳолии деҳаи Сарвақ  оид ба дастовардҳои даврони Истиқлол, шароитҳои мавҷудаи иқтисодию иҷтимоии вилояту ҷумҳурӣ баромад намуда, аҳолиро ба накӯкориву бунёдкорӣ ҳидоят намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ба сокинони ноҳия маводи озуқаворию маишӣ, ба монанди 5,5 тонна орд, 550 кг равған, намак, доруворӣ, китоб, дафтар, рӯзномаю маҷаллаҳо ва дару тиреза, ки аз ҷониби Раиси вилоят бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфа шудааст, дастрас гардид.

Зимнан зикр гардид, ки муаммоҳое, ки дар деҳаи Сарвақ ҳаст, то имрӯз аз ҷониби масъулин мавриди иҷроиш қарор гирифта, аз ҷумла, мактаби деҳа ба 10 сола иваз карда шуда бо, 2 адад компютер ва лавозимотҳои хониш таъмин карда шуд. Ҳамчунин бинои бунгоҳи тиббии деҳа таъмир шуда истодааст.

Ҳоло дар деҳа муаммоҳои рафту омади аҳолии деҳа ба ноҳияи Ашт, таъмирталаб будани мактаб ва бунгоҳи тиббӣ, дар мағоза набудани маводи хӯрокворӣ, гузаштан аз сарҳади давлатӣ, ворид намудани молу маҳсулоти ҳаррӯза, чаронидани чорво ҷой доранд, ки дар ҳалли саривақтии онҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирҳо амалӣ месозад.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...