Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанд қабл сафири Бритониёи Кабир Грэм Лотэн бо татбиқи лоиҳаи ободонии идораи маъмурии маҳаллаи Телмани пойтахт аз наздик ошно гардид.
Раиси маҳаллаи мазкур Мавҷуда Табарова ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки сафорати Бритониё барои корҳои таъмиру ободонии бинои маъмурӣ беш аз 5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардааст.
Қобили зикр аст, ки сафорати Бритониё маҳз дар қаламрави ҳамин маҳалла воқеъ аст. Ба гуфтаи, Г.Лотэн, «агар ҳамаи созмонҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе ба иқдомоти пешгирифтаи сафорати Бритониё пайравӣ намоянд, пойтахти Тоҷикистон боз ҳам зеботару обод хоҳад гашт».
Ёдрас мекунем, ки ин шурӯъ аз имрӯз моҳи охирини кори Г.Лотэн ба ҳайси сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон оғоз мегардад. Сафири тозаи ин кишвар – Чарлз Мур миёнаи моҳи январи соли оянда ба кор шурӯъ мекунад.



