Сафорати Бритониёи Кабир дар ободонии маҳаллаи ҷойгиршавии сафорат саҳм мегирад

              Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанд қабл сафири Бритониёи Кабир Грэм Лотэн бо татбиқи лоиҳаи ободонии идораи маъмурии маҳаллаи Телмани пойтахт аз наздик ошно гардид.             Раиси маҳаллаи мазкур Мавҷуда Табарова ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки сафорати Бритониё барои корҳои таъмиру ободонии бинои маъмурӣ беш аз 5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо […]

Далер Ғуфронов



           




 

Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанд қабл сафири Бритониёи Кабир Грэм Лотэн бо татбиқи лоиҳаи ободонии идораи маъмурии маҳаллаи Телмани пойтахт аз наздик ошно гардид.





           

Раиси маҳаллаи мазкур Мавҷуда Табарова ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки сафорати Бритониё барои корҳои таъмиру ободонии бинои маъмурӣ беш аз 5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардааст.




           

Қобили зикр аст, ки сафорати Бритониё маҳз дар қаламрави ҳамин маҳалла воқеъ аст. Ба гуфтаи, Г.Лотэн, «агар ҳамаи созмонҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе ба иқдомоти пешгирифтаи сафорати Бритониё пайравӣ намоянд, пойтахти Тоҷикистон боз ҳам зеботару обод хоҳад гашт».




           

Ёдрас мекунем, ки ин шурӯъ аз имрӯз моҳи охирини кори Г.Лотэн ба ҳайси сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон оғоз мегардад. Сафири тозаи ин кишвар – Чарлз Мур миёнаи моҳи январи соли оянда ба кор шурӯъ мекунад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.