Театри «Лӯхтак»-и Тоҷикистон бори дигар дар ҷашнвораи байнулмилалии Эрон иштирок мекунад

            Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Театри «Лӯхтак»-и Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байнулмилалии афсона барои кӯдакон, ки аз 27 то 29-уми декабр дар шаҳри Исфаҳони Эрон баргузор мешавад, иштирок мекунад.             Тавре директори театр Кенҷа Иброҳимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷашнвора намояндагони Тоҷикистон асари саҳнавии «Саргузашти Юсуф»-ро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт. «Дар […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Театри «Лӯхтак»-и Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байнулмилалии афсона барои кӯдакон, ки аз 27 то 29-уми декабр дар шаҳри Исфаҳони Эрон баргузор мешавад, иштирок мекунад.





           

Тавре директори театр Кенҷа Иброҳимов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷашнвора намояндагони Тоҷикистон асари саҳнавии «Саргузашти Юсуф»-ро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт. «Дар ин ҷашнвора асарҳои саҳнавӣ аз ҳикоёти Қуръони карим намоиш дода мешаванд», – гуфт ӯ. Қобили зикр аст, ки дар намоишнома намояндагони беш аз 10 кишвари ҷаҳон иштирок менамоянд.




           

Ба гуфтаи директори театр, соли равон ин сафари панҷуми ҳунармандони театр ба хориҷи кишвар мебошад. «Имсол асарҳои саҳнавии театр дар ҷашнвораҳои байнулмилалӣ дар Русия, Белорус ва Эрон низ намоиш дода шуданд», – афзуд К.Иброҳимов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.