Э.Раҳмон дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ дар Қазоқистон иштирок мекунад

Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 19 декабр дар Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад варзид. Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ бо истинод ба намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба мулоқот сарони кишварҳои Арманистон, Белорус, […]

Виктория Наумова


Душанбе. 16-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 19 декабр дар Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад варзид.




Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ бо истинод ба намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба мулоқот сарони кишварҳои Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъват шудаанд.



Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои хабаргузории РИА «Новости» дар ҷараёни мулоқоти сарварони давлат атрофи масоили муҳими рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, мушкилоти марбут ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, пешгирии падидаҳои ногувори он ва андешидани тадбирҳо алайҳи бидуни назорат реша давонидани оқибатҳои он дар минтақа табодули афкор сурат хоҳад гирифт.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.