Дар ҷараёни конфронс таҳти унвони «Маълумот дар бахши ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон – чолишҳои нав, вазифаҳои нав» дар шаҳри Душанбе лоиҳаи Барномаи нави давлатии маълумот дар бахши ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар панҷ соли минбаъд баррасӣ шуд.
Конфронс аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ ва шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии риояи ҳуқуқи шаҳрвандони дастгоҳи иҷроияи презденти Тоҷикистон ба муносибати 63-умин солгарди қабули Эломияи умумии ҳуқуқи инсон созмон дода шуд.
Иштирокчиёни чорабинӣ тарҳи кории барномаи давлатӣ оид ба маълумот дар бахши ҳуқуқи инсонро, ки аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳти роҳбарии дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳия гардидааст, баррасӣ карда, ҷиҳати такмили он тавсияҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар кори конфронс намояндагони дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ, дастгоҳи иҷроияи президент, вазорати корҳои дохилӣ, адлия, маориф, Раёсати хизмати давлатии назди сарвари давлат, Академияи улум, як қатор муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳои ҷамъиятии милливу байнулмилалӣ ширкат варзиданд.
Сафир Ивар Викки, роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, дар суханронии худ изҳор кард, ки маълумот дар бахши ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсон барои таъмини мунтазами ҳифзи ҳуқуқ яке аз қисматҳои асосии сиёсати ҳар як давлат ба шумор меравад ва кишварҳои узви САҲА ба таҳияи барномаҳои омӯзишии марбут ба ҳуқуқи башар, кусрҳои таълимӣ барои донишҷӯёну кормандони милиса ва ниҳодҳои таълимии кормандони давлатиро ба ӯҳда гирифтаанд. «Барномаи нави давлатӣ барои иҷрои ӯҳдадории зикршуда ҳамчун нақшаи корӣ хизмат хоҳад кард», – гуфт ӯ.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ Зариф Ализода гуфт, қабул ва амалисозии барномаи давлатӣ оид ба маълумот дар бахши ҳифзи ҳуқуқи инсон иқдоми муҳиме дар татбиқи Стратегияи рушди ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ барои солҳои 2011-2015 хоҳад буд. «Дар стратегия самтҳои муҳими фаъолияти Омбудсмен, аз ҷумла беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ аз ҳуқуқҳои худ, мусоидат ба риояи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои ислоҳотӣ, пешбурди пешниҳоди комилан бекор сохтани ҳукми қатл ва дастгирии қишри махсусан осебпазири ҷомеа – кӯдакону занон ва афроди дорои имконияти маҳдуд муайян карда шудаанд, – гуфт вай. – Мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо низ яке аз вазифаҳои афзалиятноки мо маҳсуб меёбад. Рӯйдодҳои ахир бозгӯи онанд, ки дар ин самт мушкилот ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар хеле зиёданд».
Барномаи нав давлатӣ бо назардошти муқаррароти Барномаи ҷаҳонии маълумот дар бахши ҳуқуқи башар барои солҳои 2010-2014 таҳия гардида, барои амалисозӣ дар се самт – низоми маълумоти олӣ, омодасозии хизматчиёни ҷомеаи шаҳрвандӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ пешбинӣ шудааст.
«Барномаи қаблӣ хеле густардаву ҷасурона буд ва шояд маҳз бо ҳамин сабаб зимни татбиқи аксари бандҳои он монеаҳо пайдо шуданд, – зикр кард роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Нота Бене» Нигина Баҳриева. – Ҳамчунин дар барномаи қаблӣ мавҷуд набудани имкони ворид сохтани тағйирот дар ҷараёни татбиқи он низ мушкилоти ҷиддӣ пеш овард. Мӯҳлати иҷрои барнома низ тӯлонӣ – 10 сол муқаррар гардида буд. Дар ин муддат дар бахши ҳуқуқи башар тағйироти зиёде рӯйи кор омаданд, вале онҳо дар барнома таҷассум намеёфтанд».
Барномаи нав ба муддти панҷ сол пешбинӣ шудааст. Дар он ташкилотҳои масъул ба амалисозии ҳар як банди барнома дақиқан муайян шуда, механизми таъмини устувор будани тағийроте, ки сурат мегиранд, матраҳ гардидаанд.
Интизор меравад, ки дар фурсатҳои наздиктарин Барномаи давлатии маълумот дар бахши ҳуқуқи башар ба баррасии ҳукумати кишвар пешниҳод мегардад.







