Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як баёния иддаъои мақомоти Ӯзбекистонро дар мавриди ҷой доштани далели ҳамлаи мусаллаҳона ва иштирок дар қочоқи маводи мухаддир расман рад месозад.
Сардори маркази матбуоти кумита Хушнуд Раҳматуллоев дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки дар ин иттилои мақомоти Ӯзбекистон далелҳои бидуни тасдиқ пешниҳодшуда зиёданд. «Аввал, дар макони ҳодиса ягон намуди маводи мухаддир дарёфт нашудааст. Дар асл бошад, қочоқчиён техникаи маиширо аз қаламрави Тоҷикистон ба Ӯзбекистон интиқол доданӣ буданд. Дуввум, аз амали қочоқбаронро маҳз марзбонони ӯзбек пуштибонӣ карданд», – изҳор дошт вай.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 13-уми ноябр сарфи назар аз огоҳии чандинбораи марзбонони тоҷик бо забонҳои русиву ӯзбекӣ ва ба ҳаво тир холӣ кардан, марзбонони ӯзбек дар посгоҳи марзии «Ҳаштияк»-и гурӯҳи марзбонии «Истаравшан» марзро убур намуда, нияти мусоидат ба қочоқро доштанд. «Пас аз ин марзбонони тоҷик маҷбур шуданд, ки ба силоҳ даст баранд ва дар натиҷа як марзбони ӯзбек ҳалок шуд. Бояд гуфт, ки ин амали марзбонони тоҷик пурра ба Оиномаи сарҳадии Тоҷикистон ҷавобгӯ аст», – зикр кард Раҳматуллоев.
Номбурда ҳамчунин гуфт, пас аз як рӯзи ҳодиса вохӯрии мақомоти додситонии низомии ҳар ду ҷониб баргузор шуда, баъди санҷиши дақиқи ҷойи ҳодиса, ҳар ду тараф ба хулоса омадаанд, ки ин ҳодиса ба қочоқи дастгоҳҳои барқии маишӣ марбут аст.
«Созмондеҳи муомилоти қочоқи техникаи маишӣ шаҳрванди Ӯзбекистон бо номи Насиба аст. Ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин ҳодиса даст доштанд, боздошт гардида, аз рӯйи ин далел корҳои тафтишотӣ идома доранд», – афзуд сардори маркази матбуоти КДАМ.