Нақшаи солонаи истихроҷи ангишт барзиёд таъмин гардид

Нақшаи солонаи истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ барзиёд таъмин гардида, дар ҷамъбасти ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ истихроҷи он ба 226160,0 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 33632,0 тн. ё ин ки 117,4 % зиёд мебошад. Санаи 21 октябри соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи ангишт нақшаи истихроҷи солонаи ангиштро пеш аз мӯҳлат иҷро намуданд . […]

ASIA-Plus


Нақшаи солонаи истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ барзиёд таъмин гардида, дар ҷамъбасти ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ истихроҷи он ба 226160,0 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 33632,0 тн. ё ин ки 117,4 % зиёд мебошад. Санаи 21 октябри соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи ангишт нақшаи истихроҷи солонаи ангиштро пеш аз мӯҳлат иҷро намуданд

.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин давра 222782,0 тонна ангишт ба фурӯш бароварда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 26782,0 тн. (113,7%)зиёд мебошад.

 Зиёд гардидани фурӯши ангишт, дар соли ҷорӣ ин аз ҳисоби ба хориҷа содир намудани он, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ, аз конҳои ангишти «Фон-Яғноб» ва «Зиддӣ» 22331,0 тонна ангишт содирот карда шуд.

Таҳлилҳои пешакӣ нишон дод, ки то 1 декабри соли ҷорӣ, муассисаҳои буҷавӣ бо ангишт таъмин гардидаанд. Мувофиқи маълумоти фаврии вазорату идораҳои дахлдор, дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои маориф – зиёда аз 100,0 %, тандурустӣ- 102,0 %, сохторҳои қудратӣ -88,3 % ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” -119,2 % бо ангишт таъмин гардидаанд.

 Иттифоқи “Тоҷикматлубот” бо корхонаҳои соҳаи ангишт ба миқдори 17579,0 тн. шартнома баста, 20990,0 тн. харидорӣ намудааст. Шумораи нуқтаҳои фурӯш аз тарафи “Тоҷикматлубот” 1153 адад буда, аз онҳо 14383,0 тн. ба фурӯш баровардааст. Захираи ангишт дар нуқтаҳои фурӯши он – 6607,0 тоннаро ташкил медиҳад.

Захираи ангишт бо бақияи ангишти аз солҳои пешин дар анборҳо ва нуқтаҳои фурӯши ангишти корхонаҳои соҳа 52047,19 тоннаро ташкил медиҳад.

 Воридоти ангишт аз дигар ҷумҳуриҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 01.11.2011-ум 7089,85 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҷумҳурӣ, мувофиқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо соли ҷорӣ зиёда аз 1788,0 адад нуқтаҳои фурӯши ангишт бо захираи 46415,0 тн, аз ҷумла дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-60 адад бо захираи 1528,5 тн, вилоятҳои Суғд-690 адад бо захираи 3610,0 тн, Хатлон-589 адад бо захираи 14420,0 тн, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 416 адад бо захираи 25389,0 тн ва ш. Душанбе-33 адад бо захираи 1467,5 тн мавриди истифода қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.