Интиқоли мунтазами барқ ба маркази пойтахт барқарор шуд.
Ба гуфтаи сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ, пас аз садама муассисаҳои давлатӣ ва иншооти таъиноти иҷтимоӣ баъди 40 дақиқаи садама ба хатҳои алтернативии интиқоли барқ пайваст шуда буданд. «Айни замон садама бартарф шуда, маркази пойтахт мунтазам бо барқ таъмин аст», – гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи гузашта бар асари ба хатти баландшиддати барқ афтодани кран дар минтақаи Маҷмаии манзилҳои зисти Ҷавонон (собиқ бозори Баракат), қисмати зиёди маркази шаҳри Душанбе бебарқ монда буд.