Оғози истихроҷи гази кони «Комсомол»

Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар яке аз чоҳҳои кони гази «Комсомол», ки дар маҳаллаи Лучоби пойтахт воқеъ аст, истихроҷи гази табиӣ аз нав шурӯъ гардид. Тавре аз намояндагии ширкати Tethys Petroleum ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз чоҳи рақами 180-и ин кон муддати як ҳафта аст, ки гази табиӣ истихроҷ мешавад, вале алҳол […]

Виктория Наумова


Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар яке аз чоҳҳои кони гази «Комсомол», ки дар маҳаллаи Лучоби пойтахт воқеъ аст, истихроҷи гази табиӣ аз нав шурӯъ гардид.




Тавре аз намояндагии ширкати Tethys Petroleum ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз чоҳи рақами 180-и ин кон муддати як ҳафта аст, ки гази табиӣ истихроҷ мешавад, вале алҳол он бо об омехта аст. «Мо мутамин будем, ки бо газ об низ истихроҷ хоҳад шуд, зеро ин барои конҳои гази Тоҷикистон ҳодисаи маъмулӣ аст, – гуфт манбаъ. – Бо истифода аз технологияи навтарин мо ният дорем, ҳаҷми обро дар он бамаротиб коҳиш диҳем».



Ба иттилои сарчашма, феълан аз ин кон то 10 ҳазор метри мукааб гази табиӣ истихроҷ мегардад ва метавон бо боварӣ ҳарф зад, ки зимистони соли равон

 

тоҷикистониён бо як миқдоре аз гази худӣ низ таъмин хоҳанд гашт. «Дар чоҳи рақами 183-и кон низ корҳои таҷдид босуръат идома доранд ва ояндаи наздик истихроҷи газ аз ин чоҳ низ ба роҳ монда хоҳад шуд», – изҳор доштанд дар ширкат.



Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи намояндаи ширкат, дар конҳои «Хоҷа Сартез» ва «Бештентак»-и вилояти Хатлон низ корҳои таҷдиду бозсозии чоҳҳо босуръат идома доранд.



Зикр гардид, ки воридсозии таҷҳизот ба ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкат давом дорад. «То имрӯз ба Тоҷикистон 6 вагон таҷҳизот барои корҳои кашфу истихроҷи газу нафт ворид карда шудааст ва ҳамин миқдор таҷҳизот низ дар фурсати наздиктарин ба ҷумҳурӣ оварда мешавад, – афзуд намояндаи ширкат.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.