Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон аз рӯи стандартҳои нави байнулмилалӣ ба ҳудуди 8 ҳазор тонна нахи пахта тасдиқнома дода шуда, он ба хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда шуд.
Тавре менеҷери ҶСП «Тоҷикистон –
WIS
» (Нозироти мустақили пахта) Камолҷон Фатҳиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ин миқдор нахи пахта дар се озмоишгоҳи нав, ки бо мусоидати Вазорати кишоварзӣ ва Бонки рушди Осиё ташкил гардиданд, аз санҷиш гузаронида шуданд. «Дар ин озмоишгоҳҳо санҷиши нахи пахта мувофиқи методи роиҷи классерӣ доир мегардад», – гуфт ӯ.
Ба қавли К.Фатҳиддинов, аз рӯи ин метод ранг, дарозии тори нах ва расидагии он муайян карда мешавад. «Ояндаи наздик ба маблағи $1 млн. 112 ҳазор, ки Бонки рушди Осиё ихтисос додааст, озмоишгоҳҳо бо мошинҳои суръатноки «
HVI
» таъмин карда мешаванд», – афзуд номбурда.



