СММ: Даромади солона аз харидуфурӯши инсон 7-10 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад

Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар муаррифиномаи гузориши «Таҳқиқот оид ба харидуфурӯши кӯдакон» профессор, доктори улуми фалсафа ва иштирокчии фаъоли ин таҳқиқот Абдулвоҳид Шамолов изҳор дошт, ки дар ҷаҳон аз харидуфурӯши инсон фоидаи зиёд ба даст меоранд ва мувофиқи маълумоти СММ, даромади солонаи он аз 7 то 10 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар муаррифиномаи гузориши «Таҳқиқот оид ба харидуфурӯши кӯдакон» профессор, доктори улуми фалсафа ва иштирокчии фаъоли ин таҳқиқот Абдулвоҳид Шамолов изҳор дошт, ки дар ҷаҳон аз харидуфурӯши инсон фоидаи зиёд ба даст меоранд ва мувофиқи маълумоти СММ, даромади солонаи он аз 7 то 10 млрд. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.




Иштирокчии дигари таҳқиқот Зӯҳро Мадаминҷонова зикр кард, ки аксаран занони танҳомонда ба иллати қашшоқӣ ба ин амал даст мезананд. «Зимни таҳқиқот дар вилоёти Суғду Хатлон ҳодисаҳои аз ночорӣ ба маблағи $100 фурӯхтани кӯдакон аз ҷониби модарони бесробонмондаашон ба қайд гирифта шуда, аксари

 

духтарони ҷабрдида аз харидуфурӯши инсон дар Афғонистон қарор доранд, – гуфт ӯ. – Чанде аз онҳоро муяссар шуд ба ватан баргардонем, вале духтароне низ буданд, ки аз баргаштан ба ватан рӯ тофтанд, зеро дар он ҷо зани дуввум ё саввуми қочоқчиёни маводи мухаддир гашта, аллакай соҳиби фарзанд гаштааанд ва акнун аз ба ватан баргаштан шармашон меояд», – гуфт ӯ.



Дар идомаи шарҳи мавзӯъ А.Шамолов иброз дошт, ки дар маҳалҳо аксари мансабдорони слоҳиятдор аз пешниҳоди маълумот дар ин бора саркашӣ кардаанд. «Дар Тоҷикистон чунин таҳқиқот бори нахуст гузаронида шуд ва моро лозим омад бисёр мушкилотеро паси сар намоем», – гуфт ӯ.



Таҳқиқоти мазкур бо дастгирии Бунёди кӯдакони СММ ва Созмони байнулмилалии меҳнат аз ҷониби кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар таҳқиқот ба ҷуз маълумоти асосӣ дар ин мавзӯъ, инчунин тавсияҳои роҳу воситаҳои пешгирии ин падида низ пешниҳод гардидаанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.