Ширкати «Барқи тоҷик» қарзашро назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» то ахири соли ҷорӣ пардохт хоҳад кард

Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ изҳор дошт, ки корхона кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то аз ҳисоби ҷамъоварии маблағи қарзҳои истифодабарандагони барқ то ахири сол ба пардохти қарзи худ дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» муваффақ гардад. Қобили зикр аст, ки ҳафтаи сипаригашта мақомоти раҳбарии Ҷамъияти саҳомии кушоди «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» […]

Виктория Наумова


Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ изҳор дошт, ки корхона кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то аз ҳисоби ҷамъоварии маблағи қарзҳои истифодабарандагони барқ то ахири сол ба пардохти қарзи худ дар назди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» муваффақ гардад.




Қобили зикр аст, ки ҳафтаи сипаригашта мақомоти раҳбарии Ҷамъияти саҳомии кушоди «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» аз ширкати «Барқи тоҷик» дархост кард, маблағи қарз барои нерӯи барқи гирифтаашро, ки 21,4 млн. сомониро (беш аз $6 млн). ташкил медиҳад, пардохт намояд.



Тибқи маълумоти ҶСК Нерӯоҳи Сангтӯда-1», то 31-уми декабри соли ҷорӣ арзиши 1 кВт/соат барқи нерӯгоҳ ба 1,15 сент баробар буда, аз 1-уми январи соли оянда арзиши он то 3,1 сент боло меравад.



Ба гуфтаи Н.Ёдгорӣ, чанде қабл дар машварати корӣ раҳбари ширкат Шарифхон Самиев доир ба вусъат бахшидан ва тезонидани ҷамъоварии маблағҳои қарз аз корхонаву муассисот ва аҳолӣ ба сохторҳои дахлдор супоришоти мушаххас додааст. «Феълан қарзи истифодабарандагони барқ дар назди ширкати «Барқи тоҷик» ба беш аз 260 млн. сомонӣ ( беш аз $76 млн.) баробар аст, ки 90 млн. сомонии он ба корхонаву муассисоти Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ рост меояд», – гуфт ӯ.



Манбаъ афзуд, ки ширкат ният дорад, барои қарздорон мӯҳлати ахири пардохти қарзро муқаррар созад ва дар сурати дар ин мӯҳлат ҳам напардохтани қарз, интиқоли барқ ба онҳо қатъ хоҳад гардид.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.