Котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД доир ба ташкили Маркази ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи терроризм қарор қабул карданд

Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир ба ташкили Маркази ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ қарор қабул карданд. Тавре хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ медиҳад, раисикунандаи ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД, котиби Шӯрои амнияти Арманистон Артур Багдасарян ба рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки дар ҷаласа […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир ба ташкили Маркази ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ қарор қабул карданд.




Тавре хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ медиҳад, раисикунандаи ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД, котиби Шӯрои амнияти Арманистон Артур Багдасарян ба рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки дар ҷаласа перомуни таъсиси Маркази ягонаи ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи террорзм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ тавофуқ ҳосил шудаааст.



Ба гуфтаи Багдасарян, ташкили чунин марказ инчунин ба «ташаккули имконоти дастаҷамъӣ бобати огоҳкунӣ ва пешгирии оқибатҳои офатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ низ мусоидат хоҳад кард».



Ёдрас мекунем, ки дирӯз дар Арманистон ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД ба кор шурӯъ кард. Ба ҳайати СААД давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.