М.Кабирӣ пешниҳод дорад, ки Вазорати меҳнат ба Вазорати меҳнат ва муҳоҷират табдил дода шавад

            Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод дорад, ки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба Вазорати меҳнат ва муҳоҷират табдил дода шавад.             Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Кабирӣ изҳор дошт, ки дар Русия зимни мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод дорад, ки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба Вазорати меҳнат ва муҳоҷират табдил дода шавад.





           

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» М.Кабирӣ изҳор дошт, ки дар Русия зимни мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони тоҷик зарурати мавҷудияти сохтореро, ки бевосита бо масоили муҳоҷирати меҳнатӣ сарукор дошта бошад, ба хубӣ дарк кардааст. «Бо назардошти он ки масъалаи муҳоҷират дар Тоҷикистон аҳамияти вижаеро касб кардаасту дар дохили кишвар барои фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ иқдомоти муассире сурат намегирад, месазад, ки бо ин масъала сохтори алоҳидае машғул бошад», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли раиси ҲНИТ, зарурати ташкили чунин сохторро доираҳои дигари сиёсии кишвар низ зарур мешуморанд. «Дар Русия беш аз миллион нафар шаҳрвандони тоҷик дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва зарур аст, ки бо ин масъала сохторе машғул бошад, ки мақоми баландеро соҳиб бошад», – изҳор дошт ӯ.




           

М.Кабирӣ афзуд, ки ҷиҳати омӯзиши ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур ӯ ният дорад, боз ба чанде аз кишварҳое, ки муҳоҷирони тоҷик он ҷо қарор доранд, сафар кунад. «Пагоҳ ман дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек оид ба масоили ислом дар Академияи САҲА маърӯза хоҳам кард ва он ҷо бо муҳоҷирини тоҷик низ мулоқот хоҳам орост», – гуфт ӯ.




           

Ёдрас мекунем, ки феълан дар Тоҷикистон Агентии давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар назди Вазорати меҳнат амал мекунад, ки масоили муҳоҷирати дохилиро ҳаллу фасл мекунад. Хадамоти муҳоҷират дар ҳайати Вазорати умури дохилӣ ба масоили муҳоҷират ба хориҷи кишвар сарукор дорад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.