«Барқи тоҷик»: Мизони оби обанбори Норак зиёд мешавад

            Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи ду ҳафтаи ахир мизони оби обанбори бузургтарини кишвар – Норак ба андозаи 1 метр зиёдтар шудааст. Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», дар таърихи 24-уми ноябри соли ҷорӣ мизони об 890 метру 71 сантиметрро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи ду ҳафтаи ахир мизони оби обанбори бузургтарини кишвар – Норак ба андозаи


1 метр

зиёдтар шудааст. Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», дар таърихи 24-уми ноябри соли ҷорӣ мизони об

890 метру

71 сантиметрро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта

3 метру


19 сантиметр

камтар буд.





           

Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан мизони об дар обанбор муодили

886 метр

аст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта

2 метр

камтар аст. Аз ин бармеояд, ки дар ахири моҳи ноябр сатҳи об

1 метр

боло рафтааст. «То оғози соли нав мо бояд ба нишондиҳандаи соли гузашта ноил гардем, – гуфт манбаъ. -Реҷабандии истифодаи барқ ва ба кор даромадани марказҳои барқу гармидиҳӣ имкон медиҳад, ки ин қафомонӣ тадриҷан бартараф карда шавад».




           

Ба иттилои манбаъ, феълан ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбор чун пештара тақрибан 210-220 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. Зикр гардид, ки дар рӯзҳои таҷлили Иди Қурбон меъёри интиқоли барқ ба аҳолӣ аз ҳисоби барқи нерӯгоҳи Норак зиёд карда шуда, дар ин рӯзҳо ба ҷои 15-17 сантиметри муқаррарӣ 39 сантиметри оби обанбор масраф гардидааст. «Айни замон нерӯи барқ тибқи реҷаи пеш аз ид ҷоришуда интиқол дода мешавад», – афзуд манбаъ.




           

Мувофиқи маълумоти ширкат, феълан ҳамарӯза дар ҷумҳурӣ тақрибан 40 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гардида, дар як шабонарӯз 6-7 млн. кВт/соат барқи Туркманистон вориди кишвар мегардад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...