Дар макотиби олии Тоҷикистон миқдори квотаҳо барои донишҷӯёни эронӣ ду баробар афзуда мешавад

Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вохӯрии вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст тавофуқ ҳосил гардид, ки дар макотиби олии Тоҷикистон миқдори квотаҳо барои донишҷӯёни эронӣ ду баробар афзуда мешавад. Тибқи маълумоти хадамоти матубуоти вазорати маориф, бо дархости дипломати эронӣ вазир ба сохторҳои дахлдор супориш додааст, ки миқдори […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вохӯрии вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст тавофуқ ҳосил гардид, ки дар макотиби олии Тоҷикистон миқдори квотаҳо барои донишҷӯёни эронӣ ду баробар афзуда мешавад.




Тибқи маълумоти хадамоти матубуоти вазорати маориф, бо дархости дипломати эронӣ вазир ба сохторҳои дахлдор супориш додааст, ки миқдори квотаҳо барои донишҷӯёни эронӣ ду баробар – аз 10 то 20 нафар зиёд карда шавад. Феълан шумори донишҷӯёни тоҷик дар макотиби олии Эрон ба 50 нафар баробар аст.



Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сафири Эрон ба масъалаи ҷараёни нашри китобҳои дарсӣ ва адабиёт барои кӯдакон, ки ҷиҳати он вазорати маорифи Эрон маблағ ҷудо карда буд, таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ҳамзамон ҷонибҳо перомуни сафари қарибулвуқӯъи вазири маорифи ҷумҳурӣ ба Эрон табодули назар карданд.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.