Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати чиноии «Чайна Роуд» дар фасли зимистон дар ҳолати хуб нигоҳ доштан ва таъмини ҳаракати нақлиёт дар қитъаи роҳи мошингради Душанбе-Хуҷанд то нақби «Истиқлол»-ро ба зиммаи худ гирифт.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чанд рӯз пештар дар ин хусус миёни корхонаи давлатии «Душанбенақлиёт» ва ширкати «Чайна Роуд» созишнома ба имзо расидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, тибқи созишнома, мутахассисони Чин баҳри таъмини ҳаракати нақлиёт дар ин қитъаи роҳ дар фасли зимистон аз техникаи худашон истифода хоҳанд бурд.
Ёдрас мекунем, ки ширкати чиноии «Чайна Роуд» дар Тоҷикистон ба сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ва нақби «Шаҳристон» дар вилояти Суғд машғул аст.


