Имрӯз дар Бишкек масъалаи ҷараёни вуруди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо баррасӣ мешавад

Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷараёни вуруди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо имрӯз дар конфронси минтақавии «Рушди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо», ки дар шаҳри Бишкек – пойтахти Қирғизистон баргузор хоҳад гашт, баррасӣ мешавад. Дар ҳамоиши мазкур муовини вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон Зӯҳриддин Кенҷаев ширкат ва суханронӣ мекунад. Дар […]


Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷараёни вуруди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо имрӯз дар конфронси минтақавии «Рушди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо», ки дар шаҳри Бишкек – пойтахти Қирғизистон баргузор хоҳад гашт, баррасӣ мешавад.




Дар ҳамоиши мазкур муовини вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон Зӯҳриддин Кенҷаев ширкат ва суханронӣ мекунад. Дар меҳвари мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ, ислоҳоти низоми техникӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ қарор хоҳад дошт.



Ёдовар мешавем ахири ҳафтаи гузашта президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар Қатар бо директории генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами вохӯрӣ намуд. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфуз баррасӣ гардид.

  





 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.