Сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз олам даргузашт

Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта баъди ҷароҳии вазнин дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе, сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – подполковник – Абдурасул Шарифов аз олам даргузашт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти гумруки кишвар хабар доданд, роҳбари 60-солаи маркази матбуотии ин ниҳодро, шаби 25-ум ба 26-уми ноябр […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта баъди ҷароҳии вазнин дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе, сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – подполковник – Абдурасул Шарифов аз олам даргузашт.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти гумруки кишвар хабар доданд, роҳбари 60-солаи маркази матбуотии ин ниҳодро, шаби 25-ум ба 26-уми ноябр дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ронандаи як сабукрави навъи ВАЗ пахш намуд. Абдурасул Шарифов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шуд. То охири соатҳои умраш марҳум дар ҳоли беҳушӣ қарор дошт.



Ба гуфтаи манбаъ, ҷабрдида аз тарафи ронандаи воситаи нақлиёт ба беморхона расонида шуд. Абдурасул Шарифов имрӯз дар зодгоҳаш – ноҳияи Данғара ба хок супурда мешавад.

   



 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.